Таъмини озуқаворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Академия
Дар доираи амалишавии супориши Пешвои миллат дар самти самаранок истифода бурдани хар як вачаби замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити паҳншавии бемории корнавирус дар Академияи ВКД низ як катор корхо ба сомон расонида шуда истодаанд.
Бо ташаббуси Сардори Академия генерал-майори милистсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар ноҳияи Шахристони вилояти Сугд як гектар замини обӣ барои кишту кор гирифта шуда, вобаста ба хавои мусоид картощка кашт карда шуд.
Дар заминхои корами худуди Академия, ки зиёда аз як гектарро ташкил медиханд, кишту кор огоз гардида як катор полезию сабзавот аз кабили картошка, пиёз, кабутӣ, лубиё, помидору бодиринг, сабзӣ, каламфур, карам, турб аллакай кишт карда шуданд.
Ин иқдоми наҷиб имкон медиҳад,ки барои курсантону омӯзгорон барои фасли тирамоҳу зимистон ҳаҷми зарурии маҳсулот захира гардида, он аз бозорҳо харидорӣ нагардад, ки сарфаи молиявиро дар ин шароит пурра таъмин менамояд.
Чунин икдом дар тамоми факултетҳои Академия минбаъд ҳам идома дода мешаванд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.