Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Сиёсатсозӣ» аз коронавирус аз этикаи инсонӣ дур аст

501Имрӯзҳо дар саросари расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои ичтимоӣ ҳангомаҳо ба бемории корнавирус ва ба ном «сиёсатсозӣ» ба он авҷ гирифтаст, ки аз этикаи инсонӣ дур аст.Эмидемияҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ буданд, вале аз он сиёсат насохта,онро пешгирирӣ ва беморонро муолиҷа меамуданд.

Асосҳои илми эпидемиалогияро истифода мекарданд, ки ба сиёсат рабт надошт.Ҳамин тавр эпидемияи оспаро ҳанӯз замони Шуравӣ бо системаи Семашко дар мудати 19-рӯз бартарф карда буданд. Пандемияи корнавирус низ бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тавсияҳои СҶТ дар мӯлатҳои муйян бартараф карда мешавад.Беҳтарин вирусологҳои Россия ва дигар кишварҳои онро пешгӯӣ менамоянд.Аксар кишарҳои ҷаҳон инро пешгӯӣ менаоянд. Меъёрҳои карантинӣ низ марҳила ба марҳила сабук гардонида шуда истодаанд.Хусусияти беморихои сироятӣ ҳамин аст, ки дар натиҷаи тамоси наздик хуруҷ мекунанд.Қисме аз вирусологхои Шветсия ва Белорусия дар он назар астанд,ки бояд иммунитети коллективӣ ташаккул ёбад.Албата таъсири коронавирус ба фавт то 4,5 фоиз аст,ки ҷомеаи ҷахониро ором намесозад ва дар ин самт тамоми кишварҳои ҷаҳонӣ корҳои тадқиқотӣ идома доранд.Ин фоиз дар Тоҷикистон умуман паст аст.Аммо ин моро ором гузошта наметавонад.
Вакснаҳо ҳам дар Россия ва ИМА кашф гардида,озмоишҳои клиникӣ оғоз гардиданд.Таҷрибаи коронвирусҳои пешин sars/mers нишон доданд,ки барои онҳо ҳатто ваксина ҳам ихтироъ нагардида, баъдти муҳлати муфйян нест гардиданд.Пандемияи испанка низ бо ҳамин анҷом ёфт. Албатта ваксина хуб аст, аммо мухлат ва стандарти безарар , низоми иҷозатдиҳӣ , тасдиқ ва саноати фармакалогиро талаб менамояд ва дар ин самт Олмон, Британяи Кабир, Чин тадкиқот бурда истодаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон нз тасмим гирифт,ки бо созмон додани сохтори нави зиддиэпидемологи корҳоро густариш дода,барномаи ҳукуматии зидисироятиро дар муҳлати ду моҳ таҳия ва тасдиқ намояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои дохилӣ ва кумаки башарӣ барои гузаронидани дараҷаи зарурии эпидемиологи шароиҳо мухайё намуда,теъдоди зиёди госпиталҳо, духтурон, мошинаҳои ёрии таъҷилӣ,таъмини доруворӣ,корҳои таблиғотиро тавасути рсонахои ахброи омма густариш дода истодааст.Бисёри бемориҳо алакай сиҳат ёфтанд.Дар кисме аз ноҳияҳо умуман сирояти корнавирус ба назар намерасад.Шаҳравндон худашон меъёрҳои гигиенӣ ва фоилаи иҷтимоиро риоя карда, бе ниқоб ба кӯча намебароянд.Аз маҳлулҳои антисептикӣ ва хлор истифода менамоянд.чойҳои ҷамъиятӣ бо иқтидори ВКД безрар гардонида мешаванд.Умуман вазъи эпидемиологи зери назорати Ситоди ҷумхуриявӣ қарор дошта,портали мустақили Covid-19 кушода шуда,омор ва табобат ва пешгирӣ дар он ба система дароварда шуда,телефонхои хати гарм 311,511 ва ёрии таъҷилӣ фаъол буда,марказҳои тиббӣ ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд. Ба ҷои он ки ба пандемияи коронавирус наари илмӣ ва кумаки амали раснонанд,баръакс бархе аз ба ном сиёсатдонҳо аз он иғво ва табли ноорм гардани авзои сиёсӣ-иҷтимоиро мекашанд, ки аз этикаи инсонӣ дур аст ва ҳеҷ гоҳ онҳо ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд.
Мардуми Тоҷикистон дар атрофи Ҳукумат зич ва якмаром мебошанд!
Насли Саъдии бузургвор буданро фаромӯш набояд кард:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офаринаш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоре намонад қарор.

Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...