Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми милитсияи Тоҷикистон дар ҶБВ ва солҳои баъдиҷангӣ

196Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) яке аз мудҳиштарин саҳифаҳои таърихӣ буда, дар он тамоми халқҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, ҳам дар фронт, ҳам дар ақибгоҳ барои таъмини он ҷонсупорӣ намуданд. Махсусан милтсияи Тоҷикистон дар ин солҳо хеле фаъолона амал карда, кулли кормандони он ихтиёрӣ ба сафҳои Артиш ба фронт раҳсипор шуданд. Қисмати боқимонда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, душманони дохилӣ ва хориҷӣ муборизаи беамон бурданд. Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба тасвиб расонд, ки фаъолияти милитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. Санаи 7-уми июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Бахусус ширкати фаъоли занон аз шаҳри Маскав оғоз гардида, 1300 нафар занон ба кори милитсия аз ҷониби кумитаҳои ҳизбӣ фиристода шуданд. Дар шаҳри Сталинград 20%-ҳайати шахсиро занон ташкил медоданд. Дар ин давра сардори Раёсати шиносномадиҳии Чумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон Е.Соколова буд.

Дар оғози ҶБВ Бригадаи алоҳидаи савораи тирандозии Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ таъсис дода, шуд, ки 1084 амалиёти ҷангӣ гузаронида, 2045 гумоштагони немисро ошкор сохтанд.
Сардори дастаи Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД ) С.И.Солитсев роҳбари разведкаи даста буда, то охири ҷанг ба ситоди қушунҳои Артиш маълумотҳои нодирро пешкаш намуд, ки албатта чунин маълумотҳои оперативӣ дар торумор намудани фашизм мусоидат менамуданд.
Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Чумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад солҳои 40-50-ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
4-нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони олии Каҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошивин Венямин Григоревич, Шарипов Эргаш Косимович, Мирзаев Магомед (Муҳаммад Ҳоваҷӣ), Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия, аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Константин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионнов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷинояти КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Моҳи июни соли 1946 шуъбаи маъмурии Сарраёсати милитсия барҳам дода шуда, ваколатҳои он ба шуъбаи шиносномадиҳии Сараёсати милитсия дода шуд. КХКД (НКВД) ба ВКД табдил дода шуд.
Соли 1953 бошад ВКД мустақил гардида, қарорҳои ҳизбӣ ва давлатиро иҷро намуда, соли 1956 сохтори онро ба Шӯроҳои депутатҳо ва Вазири корҳои дохилӣ тобеъ намуд. Моҳи январи соли 1960 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС, ВКД ИҶШС-ро барҳам дода, вазифаҳои онро ба ВКД ҷумҳуриҳои иттифоқӣ супорид, ки минбаъд ба Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ табдил дода шуданд.
Чи тавре, ки амалия нишон дод, чунин таҷдиди назари дастгоҳи марказии ВКД ИҶШС ба душвориҳои зиёди сохторӣ ва хизматӣ оварда расонид. Ҳамин тавр дар натиҷаи таҳлилҳои зиёд 26-июни соли 1966 Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС фармонро дар бораи таъсиси «Вазорати иттифоқӣ- ҷумҳуриявии ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИҶШС»- ро интишор намуд. Дар ҳайати он Сарраёсат ва раёсатҳои зерин таъсис ёфтанд:
- Сарраёсати милитсия
- Сарраёсати ҷойҳои маҳбусон
- Раёсати тафтишот
- Сарраёсати қушунҳои дохилӣ
- Сарраёсати ҳифзи сухтор
Моҳи ноябри соли 1968 бо укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Вазорати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС табдил дода шуд.
Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раёсатҳои корҳои кохилии кишвар (край) ва вилоятҳо сохторҳои шӯъбахои корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ташкил карда шуданд, ки ваколати онҳо ба тамоми воҳидҳои хизматӣ паҳн мегашт.
ВКД ИҶШС ба тағйироти кулли сохторӣ мувоҷеҳ гашт. Дар феврали соли 1969 ба ҷои Сарраёсати милитсия, Сарраёсати мустақили кофтукови ҷиноӣ созмон дода шуд, инчунин дар баробари ин раёсатҳои зерин дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ созмон дода шуданд:
- Раёсати муборизаи зидди фуруши моликият;
- Раёсати инспексияи давлатии автомобилӣ.
Ҳамин тариқ, аз ибтидои солҳои 1940 то соли 1969 ВКД борҳо таҷдиди назар ва табдили ном намуда, вазифаи аслии худ – ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муборизаи зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандонро маркази фаъолияти касбии худ қарор дод, ки албатта ҳолати мазкур ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хос буд.
Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон ВКД дар асоси талаботи манофеи миллӣ бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашт, ки мавзӯи алоҳидаи тадқиқоти илмиро тақозо менамояд.
Асламов Б.С., Сафарова Ф.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...