Иштирок намудани омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вебинар
Бахшида ба 75-умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизм санаи 7 майи соли ҷорӣ вебинар, ки ташкилкунандаи он Созмони ҷамъиятии «Дӯстони Россия» буд, баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону профессорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштаанд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади гузаронидани вебинари мазкур ин муаррифӣ намудани китоби «Аскарони ғолиб. Солдаты Победители» ва ёдгоре аз заҳматҳои охирини генерал-майор Абдулло Ҳабибов, ки яке аз муаллифони китоби мазкур буд ва чанд рӯз пеш раҳлат намуд, мебошад. Ҳамчунин, дар омода намудани китоб рӯзноманигорон Раҷаб Мирзо ва Муҳибуллоҳ Қурбон саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Барои ҷамъоварӣ намудани маълумот ва аз нашр баровардани китоб Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ҳамчунин, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Дар вебинар намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Беларуссия, Арманистон, намояндагони ташкилоти “Россотрудничество”, Академияи хоҷагии халқи Россия ва дигар сохторҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин, фарзандони генерал-майор Абдулло Ҳаабибов иштирок намудаанд.
Дар рафти вебинар қайд карда шуд, ки умуман дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 300 ҳазор тоҷикистониён иштирок намуда, далерию шӯҷоат нишон додаанд, ки зиёда аз 90 ҳазор нафарашон аз майдони набард барнагаштаанд. Барои хотири онҳо муаллифону таҳиягарони китоби “Аскарони Ғолиб” кӯшиш намудаанд, хотироти қаҳрамонҳои зиндаро, ки феълан дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ҷамъ биёранд, то он ёдномаҳо барои насли оянда ҳифз шаванд. Дар вебинар наворҳо аз филми махсуси ҳуҷҷатие, ки ҳамчун иқтибос ба китоб тайёр шудааст, ба иштирокчиён пешниҳод шуда буд.
Дар охир иштирокчиёни вебинар ба чунин хулоса омаданд, ки феълан муҳим аст, ки наслҳои оянда бояд ин пораи даҳшадноки таърихи халқамонро ҳамеша дар ёд дошта бошанду аз он хулосаи зарурӣ бароранд.
Аз фурсат истифода бурда, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, тамоми халқи Тоҷикистонро ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрик намуда, ба ҳамагон саломатии бардавом, умри бобаракат ва барои Тоҷикистон сулҳу субот орзӯ менамояд.
Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр