Саҳми кормандони Академияи ВКД дар пешгирии пандемияи COVID-19
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи видео-селектории назди Вазири корҳои дохилӣ аз 1-уми майи соли 2020 ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷаласаи навбатии рӯзи 30-юми апрели соли 2020 вобаста ба чораҳои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 бар меоянд, ҳайати шахсии Академияи ВКД таҳти роҳбарии сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз санаи 2-юми май дар якҷоягӣ бо ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ба маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар гардида, ҳаррӯза аз аҳволи сокинони он бохабар гардида, ба онҳо қоидаҳои беҳдоштиро бори дигар хотиррасон намуда, тавсияҳои муфид дода, қайдҳо мегузаронанд.
Гузаронидани чунин тадбирҳои муфид имкон медиҳад, ки сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз хизматрасонии шабонарӯзии милитсия ва марказҳои саломатӣ истифода бурда, аҳли оилаи худро аз хавфи бемориҳои сироятӣ эмин гардонанд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.