Озмуни академиявӣ бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Академияи ВКД вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз 31 январи соли 2020 таҳти №1445, бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор дар асоси дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз санаи 4 то 22 апрели соли 2020 дар байни курсантони Академия аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (физика, химия, технологияи инфарматсионӣ, математикаи олӣ) озмуни академиявӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур курсантони Академия аз тамоми факултетҳо фаъолона иштирок намуданд. Барои шаффоф гузаронидани он саволномаҳои тестӣ тартиб дода шуда, вобаста ба фанҳо масъалаҳои хаттӣ пешниҳод гардиданд. Натиҷаи гузаронидани озмуни мазкурро ҳайати ҳакамон баҳои баланд доданд.
Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ дар байни курсантони Академия мусоидат менамояд.
Ҷамолиддинзода М.Ҷ.,
Иброҳимзода Ш.М.,
омӯзгорони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон