Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷалби духтарони кӯҳистон ба Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ

181

Бо мақсади иҷрои талаботи банди 26, зербанди 4 уми протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1 аз 21 январи соли 2019, ки бо чунин мазмун: «Барои ҷалби бештари духтарони маҳаллӣ ба таҳсилоти касбӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, зимни қабули довталабон тавассути квотаи президентӣ ба минтақаҳои дурдаст афзалият диҳанд», зикр гардидааст, дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи мазкур, дар ҳайати омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла - Раиси Шӯрои занони ВКД, дотсенти кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол, муовини сардори шуъбаи кадрҳои Академия, полковники милитсия Иброҳимзода Қурбон ва омӯзгори калони Академияи ВКД, подполковники милитсия Самиъзода Бахтиёр ташкил гардид. 

Албатта, ҳадаф аз ташкил намудани гурӯҳи корӣ, ҷалби духтарони кӯҳистон, алалхусус минтақа ва ноҳияҳои Рашт барои омӯзиш дар Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилдӣ, аз ҷумла Академияи ВКД мебошад.
Фаъолияти гурӯҳи корӣ аз санаи 13-ум то 19-уми апрели соли равон идома ёфта, дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Ғарм, Нуробод ва Сангвор ҷалассаҳои худро миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, директорони мактабҳо, роҳбарони бахши занон ва оила, мудирони шуъбаи маориф ва илм, намояндагони фаъоли ҷамоатҳо аз ҳисоби занон ва умуман намояндагони касбу кори гуногун баргузор намуда, аз чунин таваҷҷуҳи пайваста ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил дар Муассисаҳои олии таълимӣ ибрози назар намуданд.

182

Ҳамзамон, қайд намудан зарур аст, ки салоҳияти гурӯҳи корӣ пеш аз ҳама дар доираи таблиғу ташвиқи имкониятҳои Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ барои ҷалби духтарони кӯҳистон ба таҳсил ва пешниҳоди имтиёзҳои мавҷуда, ки барои онҳо муҳайё гардидаанд, иборат буд.
Дар ҳама суханрониҳо аз нақши занону модарон ва умуман духтарони болаёқат, ки имрӯзҳо дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳиссаи хешро мегузоранд ва барои ояндаи бақои давлатдории миллӣ ҳиссагузор мебошанд ёдоварӣ гардида, зикр карда шуд, ки аз шумораи умумии қариб 19000 нафар хизматчиёни давлатӣ 4500 нафар ё 25 фоизро занон ташкил дода, аз ҷумла 1100 нафар ё 19 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Масалан, дар иншооти аҳаммияти стратегидоштаи неругоҳи барқи обии “Роғун” 750 нафар занону бонувон, аз ҷумла 40 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, беш аз 260 нафар дар неругоҳҳои “Норак”, “Бойғозӣ” ва 1500 нафар дар корхонаи “Алюминийи Тоҷик” кор мекунанд, ки зиёда аз 150 нафари онҳо роҳбарони бахшҳои гуногун мебошанд.
Имрӯз аксари хоҷагиҳои деҳқониро дар мамлакат занон роҳбарӣ мекунанд. Ҳоло дар кишвар роҳбарони 32 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонӣ занон мебошанд ва онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста мегузоранд.
Тавре ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ишора гардид, имрӯзҳо дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоиз занону бонувон фаъолияти пурсамар доранд. Тибқи маълумот дар соҳаҳои гуногуни кишвар 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.
Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои Президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11 000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Вобаста ба шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар бо дастгириҳои давлату Ҳукумат таҳсил менамоянд таъкид гардид, ки аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки занони тоҷик имрӯзҳо дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, низ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.
Оид ба саҳми занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери тоҷикистонӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд ибрози андеша гардида, бо ин васила бори дигар ба самъи духтарони чунин минтақаҳои куҳистони кишвар аз кору пайкори занону модарон дар бунёди ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.
Зикр карда шуд, ки мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имрӯзҳо зери роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мақсади тадбиқи амалии сиёсати созадаву наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занону бонувони мақомот, хосатан ҷалби духтарони куҳистон барои таҳсил ба Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ҳама чораҳоро меандешанд то, ки ин қишри закӣ ва тарбиятгари ҷомеа ҳамеша пойдевории зиндагии насли имрӯзу ояндаи миллат бошанд.

183

Чунки асри муосир бо равандҳои ҳассос ва мураккабе рӯ ба рӯ мебошад, ки масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зирракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.
Масъалаи муҳимтарине, ки дар раванди соҳибмаълумот гардидани аҳолии кишвар, аз ҷумла духтарони кӯҳистон метавонад омили калидӣ бошад, таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва умуман ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд, ки имрӯзҳо бо талошу ҷонисориҳои фарзанди сарсупурдаи миллати тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони биҳиштосои мо таъмин мебошанд.
Бинобар ин, ҳар фарди равшанзамир, алалхусус занону духтарони куҳистони кишварро зарур аст, ки аз чунин имконият ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи давлату Хукумат бештар истифода намоянд.
Сафари гурӯҳи корӣ, ки дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт, бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷараён гирифт, дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт сурат гирифта, дар ҳама ҷамъомаду суҳбатҳо намояндаи расмии раёсати мазкур онҳоро ҳамроҳӣ намуда, ҳиссаи хешро дар ин ҷода расониданд.
Самиъзода Бахтиёр Салим, Сафарова Саида Нуралиевна.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...