Боздиди кории Вазири корҳои дохилӣ аз Академияи ВКД
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми декабри соли 2019, суханронӣ бо олимони кишвар аз 18-уми марти соли 2020, баҳри баланд бардоштани савияи дониш, маърифати китобхонӣ, рушди илми ватанӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон рӯзи 25-уми апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Академияи ВКД боздиди корӣ намуд. Дар ин боздид Вазири корҳои дохилиро сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва устодони Академия ҳамроҳӣ намуданд.
Вобаста ба эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун 20-солаи омӯзиши фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва техникӣ аз ҷониби Пешвои миллат дар Академияи ВКД лабораторияи муосири химиявиро Вазири корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ошкор намудани ҷиноятҳо, ташхиси криминалистии ҷои ҳодиса ва дигар ашёҳои он ба донистани илмҳои табиатшиносӣ вобастагии зич дорад, бинобар ин курсантон дар баробари илмҳои ҳукуқшиносӣ ин илмҳоро низ бояд аз худ намоянд.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ барои ба кори илмӣ ҷалб намудани ҷавонон Толори муосири Шӯрои диссертатсионии муштараки ДМТ ва Академияи ВКД-ро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳар чӣ бешар кормандони Академия бояд ба илм машғул шуда, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намоянд.
Боизи тазаккур аст, ки ин Шӯро бо ташаббуси бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ, дастгирии Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ДМТ таъсис дода шуда, минбаъд дар рушди илми ҷумҳурӣ бо ширкати олимони МКД саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Ҳамчунин аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ синфхонаи таҷҳизоти махсус барои пешбурди ФОҶ низ кушода гардид, ки ин имконият медиҳад, то курсантон нозукиҳои истифодабарии онро дар пешбурди корҳои оперативӣ пурра ва амалан омӯзанд.
Боздиди кории Вазири корҳои дохилӣ дар руҳияи фазои корӣ ва андешидани тадбирҳои ҷорӣ оид ба пурқувват намудани раванди таълиму тарбия баргузор гардид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э., махсус барои Сомонаи расмии Академияи ВКД.