Ҷамъбасти озмун дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
Дар баромади худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷуён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Баҳри амалӣ намудани супориши Сарвари давлат, бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши оперативии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ» озмун ташкил карда шуд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, ки пайравони Ниҳонӣ ҳастанд, дар нимсолаи аввал давраи аввали озмун баргузор гардид. Ҳоло бо фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Шарифзода Ф.Р. санаи 21-уми апрели соли 2020 марҳилаи якуми ҷамъбасти озмун дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба тариқи саволномаҳои тестӣ 82 нафар ғолибони даври дуюм бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд ва аз 82 нафар иштирокчиён 13 нафар ғолиб баромаданд.
Дар натиҷа курсантони курси 4-ум аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ чунин холҳоро сазовор гардиданд:
1. Абдуназаров М. (гурӯҳи 401)-20 хол;
2. Абдуллоев А. (гурӯҳи 402)-20 хол;
3. Бадавлатзода Р. (гурӯҳи 402)-21 хол;
4. Маллаев А. (гурӯҳи 402)-21 хол;
5. Нуруллоев Б. (гурӯҳи 402) -21 хол;
6. Сайфуллоева Ф. (гурӯҳи 402)-20 хол;
7. Валиев Ф. (гурӯҳи 403)-20 хол;
8. Исматов Д. (гурӯҳи 403)-21 хол;
9. Саидзода М. (гурӯҳи 403)-20 хол;
10. Сафаров Ф. (гурӯҳи 403)-21 хол;
11. Тешаев Б. (гурӯҳи 403)-20 хол;
12. Шехбуров Н. (гурӯҳи 403)-20 хол.
13. Бобомаликов Ф. (гурӯҳи 401) – 19 хол
Ба марҳилаи дуюми ҷамъбасти озмун 13 нафар курсантон роҳхат гирифтанд. Мувофиқи талаботи ин марҳила ба тариқи шифоҳӣ аз тарафи комиссия сатҳи дониши назариявӣ- оперативӣ ва ҷаҳонбиниву фикрронии курсантон санаи 23-юми апрел дар факултети №4 санҷида шуда, баҳо то 5 хол муайян карда мешавад. Ҳайати комиссияи озмун курсантони ғолибшударо ба даври сеюми озмун дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Аз ин рӯ, ба курсантон супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти озмун боз ҳам дониши худро сайқал дода, омодагии хуб бинанд.
Муйдинзода С.А., сардори кабинети кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия