Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
Рӯзи Ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС (СССР) аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст. Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Имсол ба ин Ғалабаи бузург 75-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 92 ҳозор ҳалок шуда, боқимонда 204 нафар зинда монда аз байни ин 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардида, 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди давраи Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Баъд аз ба охир расидани ҷанг, 9 уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба –иди расмии ИҶШС эълон гардид ва то ҳол ҳар сол дар тамоми ҷумҳуриҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи Шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст ва он ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромшонашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд. Аз ҷумла, қаҳрамонҳои ин давр ба монанди Пӯлод Отаев ва Почобой Умаров сазовори ҳар се дараҷа ордени «Шараф»-и ҷангӣ гардидаанд, ин баробар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советист. Қисми зиёди ҷанговарон аз майдони ҷанг барнагаштанд ва дар заминҳои Россияву Беларус, Укараинаву Молдова, Латвия, Литваю Эстония, Полшаю Булғория, Венгрияю Чехословакия, Руминияю Югославия ва лонаи фашистон – Германия ҷавонии ҷовидона ёфтанд.
Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва ақибгохи он ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Одинаев Ш.И., ходими илмии Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, лейтенанти милитсия