Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина дар мавзӯи «Пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ»

140

Рӯзи 17-уми апрели соли 2020 дар синфхонаи махсус оид ба омода намудани мутахассисон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизми бинои факултети №6-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ викторина дар мавзӯи «Пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ» таҳти роҳбарии сардори кафедра, полковники милитсия Тоҷиддинзода Наҷмиддини Тоҷиддин бо иштироки омӯзгорони кафедра, подполковники милитсия Ёров Назрихоҷа Ҳабибуллоевич, капитани милитсия Муродов Фарҳодҷон Абдухолиқович, сардори кабинетҳои махсуси кафедра, лейтенанти милитсия Искандарзода Мансур Абдусалом ва курсантони курсҳои 1 ва 2 факултети №6, баргузор гардид.
Викторинаи номбурда аз се давраи зерин иборат буд: даври аввал муаррифии гурӯҳҳо, даври дуюм саволу ҷавоб, дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва даври сеюм тартиб додани ҳуҷҷатнигорӣ.

141142

Мақсади баргузории викторинаи мазкур ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии курсантон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад.
Дар викторина курсантони гурӯҳҳои ширкатварзида фаъолонокӣ нишон дода, дар ҷамъбасти викторина аз ҷониби раис ва аъзои ҳакамон ба гурӯҳҳо баҳои баробар дода шуд.
Муродов Ф.А., муаллими кафедраи ПҶТ ва ТБҶ факултети №6 Академияи ВКД, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...