Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

136

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. давраи навбатии озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2020 эълон гардида буд, аз тарафи комиссияҳои босалоҳият натиҷаҳои он ҷамъбаст карда шуд.
Комиссия рӯзҳои 14-17-уми апрели соли 2020 дар факултетҳои №2, ва №6 фаъолияти худро дар асоси талаботи Низомномаи озмуни «Курсанти беҳтарини самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар Академияи ВКД ба роҳ монда, озмун ҷамъбаст ва ғолибонро муайян намуд.
Бояд қайд намуд, ки озмун вобаста ба давраҳои омӯзиши фан ва курсҳои таълимии самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар байни курсантони курсҳои 1-5 факултетҳои №2, 4 ва 6 Академия дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад.
Дар давраи навбатии озмун курсантони курси сеюми факултети №6 ва курсҳои чоруми факултетҳои №2 Академия дар доираи мавзӯъҳои омӯхташуда аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сабқат намуданд.

137138

Аз байни 230 нафар курсантони курси чоруми факултети №2 шумораи 55 нафар ва аз байни 52 нафар курсантони курси сеюми факултети №6 шумораи 35 нафар курсантони нисбатан донишашон беҳтар дар марҳилаи ибтидоии озмун барои иштирок дар давраи навбатӣ интихоб гардиданд. Даври навбатии озмун аз рӯи се марҳила санҷиши тестӣ, саволу ҷавоби назариявӣ ва ҳалли супоришу масъалаҳо баҳогузорӣ карда шуда, ғолибони ҷойҳои аввал муайян карда шуданд.
Ғолибони озмун дар байни курсантони курси чоруми факултети №2 Академияи ВКД инҳо дониста шуданд:
Ҷои аввал бо 42 хол - сержанти хурди милитсия Бобоева Шаҳзода Мирзораҷабовна;
Ҷои дуюм бо 41 хол - милитсияи қаторӣ Назаров Беҳрӯз Ҷумаевич;
Ҷои сеюм бо 39 хол - ду нафар милитсияҳои қаторӣ Муҳаммадиев Амиршо Фарҳодҷонович ва Мирзоев Баҳодур Абдулҳадович.
Ғолибони озмун дар байни курсантони курси сеюми факултети №6 Академияи ВКД инҳо дониста шуданд:
Ҷои аввал бо 43 хол - милитсияи қаторӣ Абдулоев Хуршед Шуҳратович;
Ҷои дуюм бо 42 хол - милитсияи қаторӣ Чилаев Ҷаҳонгир Сулаймонович;
Ҷои сеюм бо 37 хол - ду нафар милитсияҳои қаторӣ Мирзозода Рустами Ризвон ва Ҷуразода Муҳаммадҷони Акрам.

139

Дар байни курсантони курси чоруми факултети №2 курсантон Ҳалимов А.А., Айнудинзода А.Қ., Изатов А.Ф., Халилов Ш., Салимов К.Х., Эгамов Ҷ.А., Мирзоев И.Ҳ., Собиров Р., Сайёд Д., Сафиев М.Ш. ва миёни курсантони курси сеюми факултети №6 Салиев Р. Содиқов М. Каримов Ҳ.И. Талбонзода Ш.И. Малаев С.Б., ки нисбатан ба ғолибон холҳои камтарро соҳиб гардиданд, иштирокчиёни фаъоли озмун пазируфта шуданд.
Ғолибони озмун баррои қадрдонӣ намудан бо мукофотҳо ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Шуъбаи таълими Факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...