Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар Академия
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи фаврию гайринавбатии Ҳукумати кишвар, 16-апрели соли 2020,ҷаласаи якуми Маҷлиси Миллии маҷлиси Олӣ аз 17-апрели соли 2020 дар бораи вусъати корҳои кишту кори баҳорӣ,таъмини амнияти озуқаворӣ, корҳои ободонию пешгирикунандаи санитарию эпидемеологӣ ва супориши Вазири корҳои дохилӣ санаи 18-апрели соли ҷорӣ аз ҷониби ҳайати шахсии Академия бо роҳнамоии муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким , роҳбаряти Академия дар тамоми гирду атрофи Академия, дар қитъаи замини ҷудошудаи назди беморхонаи клиникии бемориҳои пусти шаҳри Душанбе шанбегӣ ва корҳои ободонӣ гузаронида шуда, замини он мулоим гардонида шуда, аз бутаю алафҳои бегона тоза карда шуда,дарахтон бо маҳлулхо тозаю озода карда шуда роҳравҳо ва атрофи майдончаи варзишӣ ба тартиб дароварда шуд.
Дар шанбегӣ ва корҳои ободонӣ теъдоди зиёди омӯзгорону курсантон ширкат варзида ,баҳри зебою озода гардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоштанд.Аз гузаронидани шанбегӣ ва корҳои ободонӣ сардухтур ва духтурони беморхонаи клиникии бемориҳои пусти шаҳри Душанбе изҳори сипос намуданд.
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.- махсус барои Сомонаи расмии Академияи ВКД