Баргузор гардидани семинари муштараки таълимӣ-методии он-лайн
Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, ки дар 14 апрели соли 2017 ба имзо расидаааст, санаи 16 апрели соли 2020 семинари муштараки таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири таълимии касбӣ: таҷриба ва роҳҳои ҳал намудан» (Современные проблемы профессионального образования: опыт и пути решения) дар режими он-лайн гузаронида шуд.
Дар семинари муштраки мазкур инчунин, омӯзгорон ва мутахассисони Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б.Бейсенови ш.Караганда, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларусия, Донишгоҳи ВКД Муғулистон иштирок намуданд.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа оид ба таълим, полковники политсия Голдобина Лилия Флоритовна, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларусия оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Башан Алексей Владимирович ва сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло баромад намуданд.
Иштирокчиёни семинар оид ба масъалаҳои омӯзонидани фанҳои махсус, тайёр намудани мутахассисон ва мустаҳкам намудани алоқа бо ШВКД дар ин самт, истифодаи технологияҳои муосир дар таълимот ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, масъалаҳои омӯзонидани забонҳои хориҷӣ ва ғайра иттилоот пешниҳод намуданд.
Аз номи Академияи ВКД сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович бо маърӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисос дар арсаи ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Проблемы подготовки профессиональных кадров на пороге реформирования органов внутренних дел Республики Таджикистан») баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони муассисаҳо-иштирокичиёни семинари он-лайн оид ба хусусиятҳои раванди таълимии муассисаҳои системаи ВКД, инчунин, дигар саволҳо вобаста ба ҷараёни таълимӣ дар Академияи ВКД Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд.
Каримова Л.М., полковники милитсия