«Фанҳои риёзӣ» - шеъри нави курсанти Академияи ВКД
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-умро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ эълон намуд. Миллати тоҷик дар баробари барандаи бузурги илмҳои гуманитарӣ яке аз саромадони рушд ва инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Дар Акдемияи ВКД курсантоне таҳсил менамоянд, ки дар баробари таҳсил ба эҷодиёт низ машғул мебошанд. Курсанти курси 4-уми факултети №2 сержанти милитсия Зардаков Довуд яке аз курсантони фаъол буда, аъзои Ҷамъияти илмии курсантон буда, дар тамоми чорабиниҳи илмӣ ва фарҳангӣ ширкати фаъол дорад. Ӯ пайваста меомӯзад, чустуҷӯ менамояд, дар баробари фанҳои гуманитарӣ ба фанҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ низ рағбати зиёд дорад, «чунки корманди ояндаи милитсия аз ҳамаи илмҳои замона ва технологияҳои муосир бояд бохабар бошад», - чунин андеша менамояд - Зардаков Довуд. Ӯ бо худ доимо китоб, қаламу дафтар дошта, ба ҳар як зуҳуроти ҷомеа бо чашми дил назар афканда, онро ба риштаи назм медарорад.
Инак, шеъри ба тозагӣ эҷодкардаи ӯро бо номи «Фанҳои риёзӣ», ки ба 20-солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ бахшида шудааст, манзури Шумо мегардонем:
Фанҳои риёзӣ
Макун сарф умри хешро ба бозӣ,
Бигир илме зи фанҳои риёзӣ.
Биёмӯз донишу илми замонро,
Бикӯш то бидонӣ ҳар забонро.
Чунон гуфт, Пешво дар Паёмаш
Набошад бесаводро ҳеҷ мақомаш.
Биёмӯз пас писар илму маъонӣ,
Надонӣ гар чизе бипурс аз муаллим.
Муаллим роҳнамо бошад бароят,
Китобу дарс диҳад ақли расоят.
Агар бинои ту фарзанди инсон,
Китоб хону китоб хону китоб хон!
Бихон таъриху марзи давлати хеш.
Макун умр сарфи хоку бозӣ
Биёмӯз эй писар, фанҳои риёзӣ.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва Маркази матбуоти Акдемияи ВКД