Иҷрои дастуру супоришҳо – таҳкимбахши раванди таълим
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз шароити биноҳои таълимӣ ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонида шудааст ва дар ин раванд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Вазъӣ корҳои таълимӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зери таваҷҷуҳи хоссаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани амру фармон ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо, аз ҷумла, қарорҳои ҷаласаҳои Мушовара ва оперативӣ-хизматӣ, нақшаи чорабиниҳо ва дигар супоришу талаботи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Академияи ВКД чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта гузаронида мешаванд.
Бо мақсади ҷоннок намудани нақши илмии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронидани вохӯриҳои кормандони оперативӣ бо профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети №6 Академияи ВКД дар намуди дарсҳои амалӣ ва суҳбат-лексияҳо дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба нақша гирифта гузаронида мешаванд. Дар ин раванд барои курсантони курсҳои аввали факултет низ ҷиҳати дар доираи муқаддимаи ихтисоси самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи сардорони Раёсатҳои оперативии Вазорат гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ пешбинӣ шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки баъд аз кушодашавии бинои таълимии факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, рӯзи 10 марти соли 2020 аввалин дарси таълимӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар факултет баргузор гардид, ки баҳри тақвият бахшидани корҳои таълимӣ дар соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ равона гардида, дар умум барои муайян намудани самт ва пешрафти ҷараёни таълим замина гузошт.
Дар гузаронидани машғулиятҳо мутахассисони варзида ва ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумлаи сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ., сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ҳафиззода Ш.Х. ва дигар сардорони Раёсатҳои оперативӣ саҳми назаррас гузошта, дар доираи мавзӯъҳои фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустӯҷӯӣ, инчунин масъалаҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Баҳри дар оянда идома додани чунин иқдомҳои хирадмандонаи роҳбарияти Вазорат ва дар ин замина боло бурдани сатҳу сифати таълим ҳайати профессорону омӯзгорон вазифадор гардидаанд, ки донишҳои назариявӣ ва малакаи касбии худро баҳри омодасозии кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ равона намуда, ҳамкориро бо кормандони амалии мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи зурурӣ ба роҳ монда, таҷрибаи давлатҳои пешқадамро дар ҷараёни таълим ворид намоянд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар оянда барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълиму тарбияи ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД тадбирҳои нав ба навро роҳандозӣ менамоянд.
Саидзода Саидшоҳ Саид, муовини сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, полковники милитсия