Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории бозии “Шоҳмот” дар Коллеҷи милитсия

122Рӯзи 10-уми апрели соли равон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар МДТ Коллеҷи милитсия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб барои дарёфти шоҳмотбозони ҷавон озмун баргузор гардид. Озмун дар байни курсантон ва рекрутони Коллеҷи милитсия доир гардида, дар он зиёда аз 30 нафар курсантон ва рекрутон иштирок намуданд. 

Бояд зикр намуд, ки курсантони Коллеҷи мазкур ба ин намуди бозӣ шавқу рағбати беандоза доранд. Ба ин намуди варзиши зеҳнӣ дар кишвар сол аз сол таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Бояд қайд кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, диққат, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунад. Барои дар сатҳи баланд доир намудани ин мусобиқа сардори муассисаи номбурда, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо иштирок намуда, озмунро дар сатҳи баланд гузаронид.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи “Шоҳмот” ҷойҳои намоёнро дар байни курсантон ва рекрутон ҷои аввалро - рекрути курси 2-юми Коллеҷи мазкур Шарифов Эмомалӣ, ҷои дуюмро Назарзода Сафиоллоҳ курсанти курси дуюм ва ҷои сеюмро бошад, рекрурти курси якум Ҷумахони Амиралӣ ишғол намуданд.
Дар фарҷоми озмун, ба ғолибони мусобиқа аз номи роҳбарияти МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматномаву Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

123

Мукофотҳоро ба ғолибон дар ин озмун сардори муассисаи МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо дар маросими тантанавӣ тақдим намуд.
Ибрагимов Б.М., муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...