Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайвастагии алоқа бо амалия

116

Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти Акаде-мияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам хубтар ва дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир гузаронидани машғулиятҳои таълимии амалӣ бо курсантони самти бехатарӣ аз сӯхтор дар асосӣ барномаи таълимии фанни тайёрии сафии оташнишонӣ санаи 2 апрели соли 2020 бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор дарси амалӣ дар мавзӯи “Кор бо таҷҳизотҳои изолиятсия кунанда ва ҳавои фишурда” бо иштироки курсантони курси 4 гуруҳи таълимӣ 411 дар маркази таълимии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар машғулияти таълимии амалӣ сардори басти навбатдори маркази таълимии СХДО ВКД лейтенанти калони хизмати дохили Бобоев А. баромад карда қайд намуд, ки рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмин намудани пешрафти яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯхтор яке аз функсияҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор оид ба пешгири намудани сухторҳо дар иншоотҳои саноатӣ, яке аз масъалаҳои асосии фаъолияти давлатӣ оид ба муҳофизати ҳаёт ва саломатӣ, муҳити атроф ва молу мулк ба ҳисоб меравад.
Дар умум машғулияти амалии мазкур бо истифода аз таҷҳизотҳои махсуси оташнишонӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.

Ҷамолиддинзода М.Ҷ., Муродзода С., Хоҷамуродзода Ф., мӯзгорони факултети №5 Академияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...