Баргузории шанбегии умумӣ дар Академияи ВКД
Вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии кишвар, мулоқот бо олимон, кормандони соҳаи маориф ва аҳли эҷод бармеояд, баҳри тозаю озода намудани гирду атрофи корхонаю муассисаҳои давлатӣ, донишкадаҳои олӣ бо ташаббуси сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ санаи 4-уми апрели соли ҷорӣ шанбегии умумиакадемиявӣ гузаронида шуд.
Зимни шанбе дар тамоми гирду атрофи Академияи ВКД теъдоди зиёди гулҳои ороишӣ шинонида шуда, гирду атрофи дарахту ниҳолҳо мулоим карда шуда, атрофу роҳравҳои Академия тозаю озода гардида, талаботҳои гигиенӣ-санитарӣ таъмин гардид.
Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД ҳар рӯзи шанбе чунин чорабиниҳои дастаҷамъӣ дар Академия баргузор мегардад, ки дорои аҳамияти калон дар беҳдошт ва фарҳанги экологӣ мебошад.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.