Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ бо ширкати олимони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

84

Санаи 18-уми марти соли ҷорӣ чун анъана дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз мулоқоти навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илм ва маориф ва аҳли эҷоди кишвар баргузор гардид. 

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, илм ва аҳли қалами кишвар пурра таҳлил гардида, аз ҷониби Пешвои миллат хулоса ва тавсияҳои муҳим пешниҳод гардиданд. Боиси тазаккур аст,ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ илму маориф ва адабиёти кишвар рушду нумӯъ намуда, аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии пурра ёфт. Теъдоди мактабҳои ҳамагонӣ, литсей, гимназия, коллеҷҳо донишкадаю донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, даҳчанд афзуда, базаи моддӣ-техникии онҳо мустаҳкам гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур бо кормандони соҳаи илм ва маориф, аҳли эҷоди кишвар ба масъалаи инкишофи илм, сифати омада намудан ва ҳимояи рисолаҳои диссертатсионӣ дар шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии таълимӣ, Академияи илмҳо, институтҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва марказҳои илмӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда,иброз намуд,ки аз замони таъсиси Комиссияи олии атестатсионӣ то ба имрӯз дар кишвар 56 шӯрои диссертатсионӣ ва 15 шӯрои экспертӣ таъсис ёфтааст. Дар муддати се сол ба ин муассиса 651 рисола ворид шудааст. Аз ин шумора 415 рисолаи илмӣ тасдиқ ва 30 нафар соҳиби дараҷаи илмии доктори илм, 379 нафар соҳиби дараҷаи илмии номзади илм гардидаанд.Бо вуҷуди ин, шумораи рисолаҳои илмии ҳимояшуда дар муқоиса бо кишварҳои пасошӯравӣ хеле кам буда, ҳоло ҳам дар муассисаҳои таълимиву илмӣ норасоии мутахассисони дараҷа ва унвонҳои илмидошта баръало эҳсос мегардад.
Бояд иброз намуд,ки ҳанӯз аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон илм давра ба давра рушд намуда истодааст. Яке аз далели муътамади он таъсиси Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд муассисаҳои олии таълимӣ дар назди худ метавонанд Шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис дода ,ҷиҳати рушди илм мусоидат намоянд. Бо ин мақсад бо саъю кӯшиши роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа(PHD)-доктор аз руи ихтисосҳои 6D0303000-хуқуқшиносӣ ва 6D0303000-Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ҳайати 17-нафар таъсис дода шуд. Ба узвияти он олимони Академияи ВКД Раҳимзода Рамазон Ҳамро - доктори илми ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, Вазири корҳои дохилӣ, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ - номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия, сардори Академияи ВКД, Раҳматҷонзода Рифат Раҳматҷон - номзади илми ҳуқуқ, дотсент, сардори факултети №1, Сафарзода Ҳаёт Саидамир - номзади илми ҳуқуқ, отсент, полковники милитсия, сардори факултети №2, Самиев Назар Мурадович - номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсия, сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД пазируфта шуданд, ки ин руйдод як қадами мустаҳкам барои рушди илм дар Академияи ВКД мебошад.
Ҳамчунин бояд хотиррасон намуд, ки дар базаи Академияи ВКД толори алоҳида барои Шӯрои диссертатсионӣ омода ва ба лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки минбаъд Шӯрои зикргардида аз он ҳангоми зарурият истифода мебарад.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...