Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Тоҷикистон Ватанам»

Пос доштани муқаддасоти миллӣ
барои ҳар як фарди бофарҳангу
ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст.
Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон - модари ман. Гузаштаи ту гузаштаи ман аст. Ояндаи ту – ояндаи ман аст. Ту ҳаргиз шамшер набудӣ, ки қалби касеро озурдаву вуҷуди инсониро озоре диҳӣ. Ту китобе ҳастӣ, ки барбарҳоро хирад омӯхтаӣ. Рӯдакӣ ҳикмати туро суруд. Айни саодати туро чакома хонду инқилоб туро шинохту ҷаҳон туро шинохт. Ту маконе ҳастӣ, ки дар хоки худ ҳазорон нобиғаҳои илму таърихро парваридаву баркамол расонидӣ.

109

Ту гаҳвораи тамоми миллат ҳастӣ! Миллате, ки дар бунёду поягузории ту мекушаду туро сари ҳар қадам ободу зебо дидан мехоҳад.
Ту ошёни париёнӣ! Зеботар аз ту дар ҷаҳон чизе нест. Қавми ту қавми тавоноанд. Ту ватани фозилону оқилонӣ! Румии ту қавмҳои гуногунро зарраҳои як офтоб шумурд. Ту фанонашавандаӣ, сарзамини камзамину кишвари шаҳдбори ман. Васфи фарзандони дирӯзу фардоятро месозаму месароям, зеро ки ту маҳбуби ҳама қалбҳои пиру барноӣ. Чи хуш рӯзе бахти мо дар ханда шуду 9-сентябри соли 1991 Тоҷикистони азизизамон соҳибистиқлол гардид. Ин санаи таърихсозро ҳамагон месароянду эҳтиром месозанд, зеро халқи тоҷик пас аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати миллии худ бо номи Тоҷикистони маҳбуб гардид. Пас аз ба даст овардании истиқлолияти давлати кишвари азизи мо боз ҳам дар асраи ҷаҳонӣ мақому манзалати хосаи худро касб намуд. Дар тӯли ин солҳо халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, биноҳои баландошёна бо тарҳи замонавӣ, бунёди як қатор муассисаҳои илмиву таълимӣ, вазорату корхонаҳо ва амсоли ин гуна тараққиёти босуръати муосири кишварро метавон ёдовар гардид, ки ин маҳз зери ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мо - тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо намояндагони ҳунару адаб буда, бо як қатор давлатҳои дигар робитаи дӯстӣ барқарор намуда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.
Айни замон Тоҷикистонро зиёда аз 140 давлати дунё ба расмият шинохтааст, ки ин гувоҳ аз бузургӣ ва шаъну шарафи кишвари тозаистиқлоли мо - тоҷикон аст. Аз ин рӯ мебояд, мисли фарзандони як модар, шохобҳои як руд, дарахтони як боғ амал намуда, бо номи миллат бифахрем, зеро қисмат кардани Тоҷикистон ин қисмат кардани модар аст. Шоир Камол Насрулло барҳақ гуфтааст:
Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Бадахшону Зарафшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора-пора байни фарзандон.
Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисоди ва фарҳанги вазифаҳои шаҳрвандии мо ба тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба суи ҷомеаи озоди демокративу дуняви ва ягона қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдату ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба ихтирои техникаи нав, заҳматуталоши шабонарӯзи, забондони робита бо мамолики пешрафтаи дунё ниёз дорад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ мебошад. Парчаму Нишон бо рамзи рангҳояшон ҷаҳониёнро бо анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозад.
Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем истиқолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Ҳиссиёти ватандӯсти ва садоқат ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай хизмат кардан аст.
Тоҷикистон! Фидои ҳар як қатраи обат ҳастам, ҷонсупори ҳар як зарраи хокат.
Ман вақте ман шудам, дидам, ки ба ҷуз ман ту ҳасти. Туро аз ту ёфтам, худро аз ту ёфтам. Бе ту ҳеҷам, бо ту ҳама чиз. Ту дилу виҷдону имони ман ҳасти!
Бигзор дар осмони беғуборат партави сулҳу ороми танинандоз бошаду озодиат устувор бимонад, Тоҷикистони азизи ман!
Тоҷикистон - набзи ман, хораш баҳори сабзи ман,
Абри ман, борони ман бе Тоҷикистон нест, нест!
Сардори кафедраи Коллечи милитисия ВКД майори милитсия Исмонзода М.И
муалими Коллечи милитисия ВКД лейтенанти калони милитсия Давлатбекзода З.О

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...