Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Об ва мавқеи он дар ҷомеа

107

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъномаи 71 Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» эълон шавад ва ин пешниҳоди Сарвари мо аз ҷониби 193-давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Ин даҳсола чорумин пешниҳоди кишвари мо ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Мақсади ин даҳсолаи дар пеш истода таъмин намудани кишварҳои эҳтиёҷманд ба оби тозаи нушокӣ мебошад, зеро ҳоло масъалаи оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои глобалӣ шудааст.
Захираи оби нушокии Тоҷикистон 19.3 км куб мебошад, ки он метавонад дар як вақти муайян ҳам дохил ва ҳам хориҷаро ба оби тозаи нушокӣ таъмин намояд. Яке аз масъалаҳое, ки дар ин даҳсола бояд ҳалли худро ёбад ин пиряхҳои Тоҷикистон мебошад, зеро дар 60 соли охир зиёда аз 1000 пиряхҳо об шудаанд, ки ин аз гармшавии иқлим дарак медиҳад. Бо ин мақсад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар маркази пиряхшиносӣ ба фаъолият шуруъ кард .
Ҳаёт аз обу ноби ҷовидон сарчашма мегирад,
Ва об аз қуллаи Боми ҷаҳон сарчашма мегирад.
Ҳаёту об пайванданд андар созмони даҳр,
Зи фазли Пешвои тоҷикон сарҷашма мегирад.
Об манбаи ҳаёти зиндагӣ одамони руй замин аст, ҳоло дар ҷаҳон 35% мардум аз оби тозаи нӯшокӣ танқиси мекашанд, об чуноне, ки аз ташаббусҳои Пешвои миллат бар меояд бояд дар сатҳи некуаҳолии мардуми сайёра махсусан кишварҳои эҳтиёҷманд истифода шавад.
Имрӯзҳо 97% обҳои замин дар уқёнусҳо 3% дигар дар пиряхҳо ҷой гирифтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳои обҳои ширин қарор дорад ва танҳо 20% онро истифода мебаранд, боқимонда 80% он ба кишварҳои поёни интиқол меёбад, ки ин ба буҷаи давлат фоидаи калон мерасонад, барои он, ки саломатии инсон хуб бошад дар баробари дигар маводи ғизоӣ бояд дар як рӯз 2-3 литр обро истеъмол кунад.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба СММ солҳои 2005-2015 Соли байналмилалии Об - барои ҳаёт дар ҷаҳон эълон шуд ва ин пешниҳод бори дуввум солҳои 2015-2025 идома ёфт ҳар як ин пешниҳод халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Дар масъалаи об ҳоло кам нестанд, шахсоне, ки ба об муносибати хуб намекунанд онҳо ба об сангу хок ва дигар партовҳоро мепартоянд. Ташкилоти умумҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, ки ҳар 8 сония кудаке аз таъсири оби ошомиданӣ ба ҳалокат мерасад, шоире бар ҳақ гуфтааст:
Зи ҷӯйе, ки хурдӣ аз он оби пок,
Нашояд дар он фикандан сангу хок.
Об ба саломатии инсон фоидаи калон мерасонад. Истеъмоли шаш стакан об хавфи бемории дилро паст менамояд, фоидаи дигараш ба гуфтаи олимон вазни одамро кам мекунад.
Каримов Муҳаммад, Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод, курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД

Курсантони Коллеҷи
милитсия ВКД Каримов Муҳаммад
Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...