Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар факултети №3
Дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ ва Сардори Академия, бо ташаббуси сардори факултети №3 Академияи ВКД, майори милитсия Амрудинзода М.А., дар факултети мазкур шанбегӣ ва корҳои ободонӣ гузаронида шуда, теъдоди зиёди дарахтони сояафкан, гулҳои зиёди ороишӣ шинонда шуда, зери дарахтон мулоим карда шуда, дар тарҳи биноҳҳои таълимӣ таъмири эстетикӣ карда шуд.
Дар шанбегӣ ва корҳои ободонӣ кулли кормандон ва омӯзгорони факултети №3 бо руҳияи баланд ширкат намуда, саҳми худро дар ин чорабинии муфид гузоштанд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.