Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои пешгирии коронавирус дар Академияи ВКД

102

Ба ҳамагон маълум аст, ки охири соли 2019 ва ибтидои 2020 як қатор кишварҳои ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус фаро гирифт. Асосан ин беморӣ дар вилояти Хубеи Ҷумҳурии Халқии Ҷин пайдо гардида, минбаъд ба кишварҳои дигар паҳн гардид. Моҳи марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро Панденияи COVID-19 эълон намуд ва ба кишварҳои ҷаҳон дастур дода шуд, ки нисбати пешгирии он тадбирҳои профилактикӣ андешанд. Дар фазои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст, чунки роҳбарияти ин давлатҳо аз рӯзхои аввал тадбирҳои профилактикиро пурзур намуданд. Бо дастури Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии пешгирии бемории коронавирус созмон дода шуд, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фурудгоҳ, роҳи оҳан ва роҳҳои нақлиётӣ тадбирҳои профилактикиро пурзур намуда, тавассути расонаҳои иттилоотӣ ба омма дар бораи пешгирии он иттилои саривақтӣ паҳн намуданд. Ба ақидаи коршиносони ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндаи СУД Галина Панфилова ва роҳбари Фонди дунёи ЭвроАзия Эдоард Полотаев бояд тамоми кишварҳои дунё аз таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирии ин бемории сироятӣ истифода баранд.

104

Дар ҳамин асос бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми сохторҳои Вазорат ҷойҳои ҷамъиятӣ, роҳҳои нақлиётӣ тадбирҳои профилактикӣ пурзур карда шуд. Аз ҷониби Раёсати тиббии ВКД полковники хизматӣ дохилӣ Рустамзода Хурсанд ҳолати гигиенӣ-санитарӣ ва тадбирҳои пешгирӣ дар Академияи ВКД санҷида шуд, ки ба талаботи беҳдошти умумӣ ҷавобгȳ мебошад. Ҳамчунин аз ҷониби Раёсати тиббӣ дастур дода шуд, ки тамоми нуқтаҳои гигиенӣ ва санитарӣ безарар гардонида шуда, ҳолатҳои беҳдошт пурқуват гардонида шуда, дар байни шунавандагону курсантону омӯзгорон варақаҳои иттилоотӣ дар бораи пешгирии ин бемории сирояткунанда паҳн карда шавад. Дар ҳамин асос роҳбарияти Академия тасмим гирифт, ки дар ин самт чорабиниҳои таквиятбахшро ба анҷом расонад.
Асламов Б., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...