Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Олим, муҳаққиқ, таърихчӣ ва тарбиятгари насли ҷавон

100Мо имрӯз тасмим гирифтем, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти як тан аз олим, муҳаққиқ, таърихчӣ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи Мақомоти корҳои дохилӣ, ки солиёни зиёд дар роҳи таълим ва тарбияи кормандони ин ниҳоди баландпоя умри худро сипарӣ кардааст, номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники мустаъфии милитсия, Назарзода Носир Ҷобир маълумоте диҳем.

Назарзода Носир Ҷобир 29 майи соли 1957 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Москва (холо Ҳамадонӣ) собиқ вилояти Кӯлоб тавалуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро солҳои 1966-1974 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ба номи Комил Назарови н.Москва сипарӣ намудааст. Солҳои 1974 ба ӯ муяссар мешавад донишҷӯи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шавад. Соли 1979 пас аз хатми Донишгоҳ ӯро барои идома додани кору фаъолият ба МТМУ №30 ш.Кӯлоб мефиристанд. Маҳорату малакаи ӯро ба инобат гирифта соли 1980 ӯро барои идома додани фаъолияти омӯзгорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб даъват мекунанд ва то соли 1983 дар ин даргоҳи илму маърифат ба шогирдон таълиму тарбия медиҳад. Солҳои 1983-1986 аспиранти (таҳсилоти рӯзона) факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мешавад. Соли 1986-1988 сафари хизматӣ дар самти мушовирони КМ ВЛКСМ ва КОМ СССР дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон. Солҳои 1988-1989 хатми таҳсилоти аспирантура ва ҳимояи диссертатсия. Солҳои 1989-1992 муаллими калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб, ҳамзамон номзади илмҳои таърих. Солҳои 1993-1995 корманди калони илмии Шуъбаи таҳқиқи масоили сиёсии дохилӣ ва берунаи Тоҷикистон ва мамолики ИМД ва Шарқи Дури Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи январи соли 1995 бошад, кору фаъолияти худро дар Мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, то соли 2001 дар вазифаи муаллими калон, дотсенти кафедраи «Фанҳои ҷамъиятӣ»-и Мактаби олии (ҳоло Академия) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Маҳорати баланд ва малакаи ӯро ба инобат гирифтанд ва соли 2001-2004 ёрдамчии сардори Академия оид ба робитаҳои беруна таъин мешавад. Солҳои 2004-2008 ҳамчунин шунавандаи (таҳсилоти ғойибона) факултети №3 Академияи ВКД; 2002-2007 таҳсилоти докторантурӣ (ба таври ғойибона) дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия.
Солҳои 2004-2006 сардори кафедраи «Фанҳои ҳуқуқӣ ва махсус»-и факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2006-2012 муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои хуқуқ, полковники милитсия. Солхои 2012-2016 муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ низ сардори факултети №4 (дар ш.Хӯчанд), д.и.ҳ., полковники милитсия.
Санаи 8-уми октябри соли 2016 ба вазифаи сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Кӯлоб таъин мешавад ва 3-юми декабри соли 2018 бинобар расидан ба синни ниҳоӣ дар вазъияти тантанави ба нафақа гусел мешавад.

101

Айни замон ба ҳашт нафар унвонҷӯй роҳбари илмӣ мебошад. Дар тули фаъолияташ 45 нафар рисолаҳои номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва 10 нафар доктори илмҳои ҳуқуқшиносиро дифоъ намуданд. Ҳамчунин муаллифи беш аз 35 номгӯи китобҳо, монографияҳо, рисолаҳо, аз ҷумла 4 китоби дарсӣ, беш аз 15 номгӯи барномаҳои фаннии таълимӣ, беш аз 400 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва беш аз 3000 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар саҳифаҳои ВАО ҷумҳурӣ мебошад.
Мукофотҳо
 Барои хизматҳояш бо беш аз 25 номгӯи медалҳои ҳукуматӣ ва давлатии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, Иттиҳоди Шуравӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, №609 аз 09.11.1999);
 «Барои хизмати аъло дар ВКД» (фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, №78 аз 05.02. 2004);
 Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007);
 «Барои хизматҳои аъло дар ВКД Ҷумҳурии Тотористон» (фармони ВКД Тотористон, №328 аз 20.05. 2010);
 «Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» (фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, №827 аз 22.12.2011);
 «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №11-У аз 09.03.2010);
 Нишони фахрии Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои кори шоён», №003 аз 26.01.2010;
 Нишони ҷашнии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия «Шараф. Дониш. Қонун». ш. Москва, 2009.
 Аъзои Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004.

103

КАРИМОВ М., ҶАМШЕДИ Ҷ., Курсантони Коллеҷи милитсия ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...