Қадри устод аз падар беш аст….
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон чунин таъкид карда буданд: «Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамоянд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Муалим мисли шамъ аст худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад». Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа омӯзгор набошад он ҷомеа ё табақа аз ҷиҳати бесаводӣ ба нестӣ рафта, миллат қашшоқ мешавад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст.
Дар китоби тафсири Қуръон «Рӯҳ-ул-маъонӣ» аз Расули акрам(с) ҳадисе аст, ки фармудааст: Волидайн ба се гуруҳ тақсим мешаванд:
1.Оне, ки туро ба дунё овардааст.
2.Касе, ки туро издивоҷ кунонидааст.
3.Шахсе, ки туро таълим додааст.
Аз инҷо мо метавонем ба хулосае биёем, ки дар васфи омӯзгор ҳам олимони соҳаи дин ва ҳам олимони соҳаи дунявӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда дар ҳама ҷо қадру манзалати устод, омӯзгорро дар мадди аввал гузоштааст.
Қадри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Худ шахсан андеша кунед, ки дар ҳар як ҷое ки дар бобати устод, омӯзгор, муаллим, тарбиятгар сухан равад, ҳатман ва ҳатман қадру манзалаташ бологузар аст. Мисол, дар ин мисраҳои шеърие, ки аз ҷониби шоир оварда шудааст дар онҷо қадри устод аз падар беш дарҷ гардидааст, зеро падар навозиш намояд, он қадар таъсири неки худро дар ояндаи фарзанд гузошта наметавонад, омӯзгор баръакс талаб кунад, сахтгир бошад, ҳамаи ин ба ояндаи мо фоидаи калон меорад.
Мутассифона имрӯз дар ҷомеа ҳастанд шахсоне, ки ба устод, омӯзгор беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба қадри эшон намерасанд.
Чаро мо ба гузаштаи худ назар наафканем, зеро мо худ ҳеҷ будем, шахсе моро раҳнамун шуд, ки мо ба ин мартабаи инсонӣ расидаем. Дар инҷо мо бояд дар ҳамбастагӣ бо волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ зарур аст, ки садди роҳи ин амалҳои ноҷоро гирифта, қадру манзалати муаллим - тарбиятгари насли наврасро дар мадди аввал гузорем.
То ин, ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Эҳсон ба он кас, ки пас аз хатми мактабаш,
З-устоди меҳрубони хеш бохабар шавад.
Каримов Муҳаммад, Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод, курсантони курси 3-юми МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД