Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА «ИДИ НАВРӮЗ» ДАР АКАДЕМИЯ

92

Дар санаи 20 марти соли 2020 дар Академияи ВКД бахшида ба «Иди Наврӯз» дар байни курсантони факултети №№2,5 ва 6- и Академияи ВКД мусобиқаи «Ба қисмҳо нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани Тапончаи Макаров ва атомати Калашников» инчунин «Тирпарронӣ лазерӣ» гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқа курсантони фаъолона иштирок намуда аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Ҳамин тавр аз намуди «Ба қисмҳо нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани тапончаи Макаров». Ҷойи якум насиби милитсияи қаторӣ Каримов Нуршед Маҳмадрасулович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 206 гардид, бо натиҷаи 6,6 сония . Ҷойи дуюм насиби милитсияи қаторӣ Иззатов Атоалӣ Файзалиевич курсанти курси чорум факултети №2, гурӯҳи 405 гардид, бо натиҷаи 7, 20 сония. Ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Эшонқулов Муҳаммад Шавкатович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 301 гардид, бо натиҷаи 7,42 сония.
Аз намуди «Ба қисмҳо нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников». Ҷойи якум насиби милитсияи қаторӣ Улмасов Самандар Орзуқулович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 302 гардид, бо натиҷаи 19,04 сония . Ҷойи дуюм насиби милитсияи қаторӣ Шарофов Умед Файзович курсанти курси чорум факултети №2, гурӯҳи 207 гардид, бо натиҷаи 22, 64 сония. Ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Муродзода Фарҳод Fайратович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 204 гардид, бо натиҷаи 25,02 сония.

9394

Аз намуди «Тирпарронӣ лазерӣ аз силоҳи автомати Калашников бо 5 тир дар масофаи 20 метр». Ҷойи якум насиби милитсияи қаторӣ Маҳмадиев Абдуазиз Абдувоҳидович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 304 гардид, бо натиҷаи 47 хол. Ҷойи дуюм насиби милитсияи қаторӣ Раҳимов Валӣ Юсуфович, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 308 гардид, бо натиҷаи 46 хол. Ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Абдуҳафиззода Эҳсонҷон Эркинҷон, курсанти курси якуми факултети №2, гурӯҳи 210 гардид, бо натиҷаи 40 хол.
Fолибон аз ҷониби Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Муаллими калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...