Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон неруи созанда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа мебошанд

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиëсати давлатии ҷавононро пазируфтааст. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлати аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун ”Дар бораи сиëсати давлатии ҷавонон ”,ки 13 март соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад. Ибрози он бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миëни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввлинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиëсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунëд ташаккули сиëсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Мо ҷавонони тоҷик ва соҳибзабони Тоҷикистон бояд ҳамеша кушиш намоем, ки ба қадри Ватани азизу маҳбубамон бирасем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода ба душманони миллат нотавонбинони хориҷӣ имкон фароҳам насозем то ба корҳои нашоиста даст бизананд. Ҳамаи мо бояд дар рушду инкишофи Ватани азизамон аз хурд то бузург саҳмгузор бошем, ки Ватан ин ифтихори миллӣ ва рамзи муҳабати самимии мо нисбати ҷавонони бофарҳанги тоҷикзабон мебошад, ки аслан ифтихори Ватандорӣ аз зинаҳои аввали оила сарчашма мегирад яъне бунёди оила ва хона яке аз аввалин рукунҳои меҳр ба Ватан доштан аст. Интихоб ва тартибу низом дар оила ва тарбияи фарзандони баркамоли сохибмаълумот намудани фарзандон ҳисси Ватандустӣ ба ҳисоб меравад. Чунки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президенти Чумҳурии Точикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халки точикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиклоли тоҷиконро аз нобуди раҳои бахшид замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем Ватанамонро соҳиби ва обод кунем ва чор мисра навиштаҷоти шеъриям бо гуфтаҳои болост.
Ватан ҳасти модари ман,
Ватан ҳасти кишвари ман.
Ватан ҳасти бо ту ҳастам,
Ватан нангу номуси ман.

Рушди ҷомеа нисбати қувваҳои истеҳсолӣ шуурона муносибаткунии истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагонро талаб мекунад. Дар истеҳсоли соҳаҳои гуногуни ниёзи мардум аз соҳиб касби донишу таҷрибаи соҳавӣ, ҳамкорию дӯстии халқҳо, эътиқоди баланди миллӣ, меҳнати софдилонаи сермаҳсул ва аз истеъмолкунандагон қадршиносӣ ва сарфакориву боинсофиро тақозо мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯҳияи солим тарбия бояд қарор ёбад. Чунон, ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то ҳоло хеле ривоҷу равнақ ёфтааст. Дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия – илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Имрӯз мо чавонони бофарҳангу сарбаланди точик фазои орому осоишта, сулҳу суботи Ватанро ҳамчун гавҳараки чашм қадр намуда, бо тамоми хасти ин неъмати бебаҳоро пос медорем.

91 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ Пешввои миллат Президенти Ҷумхурии Точикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ мушкилиҳо нигоҳ накарда, баҳри сарҷам гардонидани миллати тоҷик пос доштани марзу буми давлат ва устувориву пойдории Ватанамон талошу ҷангбозиҳо намуданд, ки имрӯз дар баробари халки тоҷик тамоми мардуми сайёра бо донишу заковат ва тавоноии сарвари давлати мо аҳсан мегуянд, набояд фаромуш созем, ки ин ҳама бо чи қимат ба мо муйасар гардидааст, бахусус мо ҷавонон хуб дониста бошем, ки фирефтаи дассисаву бадахлони миллат нагардем ва дар баробари ин насли ояандаро низ ба роҳи дуруст ҳидоят намоем. Ҷомеаи Точикистон бахусус ҷавонони кишвар ин пешниҳоди саривақтии Пешвои муаззами худро бо як овоз дастгири намуда, ҳамзамон тасмим гирифтем, ки барои ба боварии Сарвари давлат соҳиб шудан аз тамоми неруи ақлони ва ҷисмонии худ истифода намоем.Таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва забондонӣ бояд ба талаботи замон муофиқ бошад. Дар ин самт кушишу талоши онҳо соли ҷавонон эълон шудни соли 2017 тақозо мекунад, ки ҷавонони кишвар барои расидан ба ормонҳои миллат аз тамоми имконият истифода намоянд, ки дар хонадони ҳар як миллати тоҷик хушнуди фароҳам бошад.
Муаллими кафедраи фанҳои ҷамиятӣ- гуманитарӣ ва
тарбиявӣ-сиёсӣ МДТ “ Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” лейтенанти милитсия
Абдулҳамидов Ҷаҳонгир Тағаймуродович.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...