Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар дар арафаи Иди Наврӯз

84

Рӯзи 18-уми марти соли ҷорӣ чун анъана дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи илм ва маориф ва аҳли эҷоди кишвар баргузор гардид. Мулоқоти имсола куллан аз мулоқотҳои пешин фарқ менамояд.
Дар мулоқот масоили мубрами соҳаи маориф, илм ва аҳли қалами ҷумҳурӣ пурра таҳлил гардида, аз ҷониби Пешвои миллат хулоса ва тавсияҳои муҳим пешниҳод гардиданд. Боиси тазаккур аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ илму маориф ва адабиёти кишвар рушду нумӯъ намуда, аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии пурра ёфт. Теъдоди мактабҳои ҳамагонӣ, литсей, гимназия, коллеҷҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, даҳчанд афзуда, базаи моддӣ-техникии онҳо мустаҳкам гардид. Ин имкон дод, ки натиҷаҳои илмии кишвар аз ҷониби илми ҷаҳонӣ пазируфта шавад, дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 20-институтҳои илмӣ -тадқиқотӣ ва марказҳои илмӣ амал менамоянд. Аз ҷумла, институти сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ зилзиларо пешгӯӣ намуда, институти физика ва астрономия ҳаракати ҷирмҳои осмониро омӯхта, дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон яке аз расадхонаҳои пуриқтидорро ба кор даровард, ки пурра ба тадқиқи ҷирмҳои кайҳонӣ машғул мегардад, ки минбаъд олимони ҷаҳон низ аз он ба таври васеъ истифода хоҳанд бурд, ки ин ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.
Имрӯзҳо дастовардҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои ИДМ, Аврупо, ИМА эътироф гаштаанд, Дар мулоқот бо Президенти Россия Владимир Путин муовини Сарвазири Россия Татяна Голикова иброз намуд, ки онҳо дар пешгирии бемориҳои сироятӣ аз таҷрибаи олимон ва духтурони тоҷик истифода мебаранд. Донишгохи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино яке аз марказҳои илмии ҷаҳонӣ дар соҳаи тиб ҳамчун меросбари Шайхурраис Ибни Сино аст, ки барои тамоми ҷаҳон мутахассисонро омода менамояд. Номи олимони тоҷик, Бобоҷонов П.Б. - астрофизик, Диноршоев М.Д -фалсафа, Илолов М.И.-математика, Мироҷов Ғ.Қ. - гастроэнрология, Неъматуллоев С.Х.-сейсмология, Раҳмонов А.А. - филология, Раҳимов Ф.Қ. - физикаи назариявӣ ва дигарон дар миқёси ҷаҳон маълум аст.
Ба наздикӣ директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ҳаракати астероиди бузургро дар кайҳон тадқиқ ва пешгӯӣ намуд. Имрӯз дар Академияи илмҳо беш аз 2000 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки 32 нафари онҳо аъзои пайваста, 52 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми декабри соли 2019 Пешвои миллат солҳои 2020-2040-ро солҳои омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва риёзӣ эълон намуданд. Аз ин лиҳоз диққати асосӣ ба ин самт дода шуд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки аз 1-уми январи соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар омӯхтани фанҳои табиӣ ва риёзиву дақиқ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, аз 400 нафар то 3000 нафар зиёд ва андозаи маблағи он 500 сомонӣ муқаррар карда шавад. Инчунин, шумораи гирандагони чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 100 нафар то 500 нафар ва барои аспирантони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ аз 15 нафар то 50 нафар зиёд карда шавад. Аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз барои фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона карда шавад. Ба вазоратҳои молия, маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои аз 1 сентябри соли 2021 зиёд намудани музди меҳнати омӯзгорони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар имтиёзҳо барои омӯзгорони чунин муассисаҳо, бахусус, омӯзгорони ҷавон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд. Дар баробари ин, устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин фанҳо ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ карда шаванд. Пешои миллат дастур доданд, ки мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ тадҷиди назар карда шавад.
Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ дастур доданд, ки ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода шавад:
Якум. Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва қисми илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки бо дарназардошти дурнамои рушди илми ватанӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мавзӯъҳои фармоиширо бори дигар таҷдиди назар карда, сохторҳои худро ба шароити муосир мутобиқ гардонанд.
Дуюм. Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва бахшҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тартиби муосири “маблағгузории барномавӣ”, “маблағгузории дархости давлатӣ” ва “маблағгузорӣ бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ”-ро ҷорӣ намоянд.
Сеюм. Муассисаҳои таҳқиқотии ҳамаи сохторҳои илмӣ ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ шудани ихтирооти худ бо ниҳодҳои давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва саноатчиён ҳамкориро ба роҳ монда, ба ин корхонаву ширкатҳо барои маблағгузорӣ кардан ҷиҳати амалӣ гардидани дархостҳои илмиашон пешниҳод манзур намоянд.
Чорум. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷдиди сохтори Академияи илмҳои кишоварзӣ чораҷӯӣ карда, дар муддати як моҳ пешниҳодоти худро ба Роҳбари давлат манзур намояд.
Панҷум. Вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, корхонаҳои саноатӣ, сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва моликияташон, соҳибкорони истеҳсолӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимони тоҷик чораҷӯӣ карда, аз натиҷаааш ҳар шаш моҳ ба Шӯрои илм, маориф ва инноватисияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳангоми арзёбии вазъи бахши воқеии иқтисоди миллӣ нишондиҳандаи аз тарафи истеҳсолкунандагони ватанӣ истифода гардидани дастовардҳои илмии олимони тоҷикро ҳамчун индекси дастовардҳои инноватсионии дар амалия истифодашуда таҳия ва ҷорӣ карда, аз натиҷаи он ҳамасола ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намояд.
Шашум. Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо маблағгузории Фонди президентии таҳқиқоти бунёдиро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба андозаи 3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба соҳаи илм таъмин намоянд.
Академияи илмҳоро зарур аст, ки низоми маблағгузории мавзӯъҳои илмиро таҷдиди назар карда, маблағҳоро ба ҳалли масъалаҳое равона намояд, ки барои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат воқеан аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.
Ҳафтум. Ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ дода шуда, минбаъд он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
Дар робита ба ин, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар муҳлати се моҳ сохтори худро пурра таҷдид карда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро вобаста ба мақоми миллӣ гирифтани Академияи илмҳо таҳия ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳаштум. Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия супориш дода мешавад, ки бо мақсади дастгирии олимон ва рушди илм баъди таҷдиди пурраи сохтори Академияи илмҳо дар хусуси то охири соли ҷорӣ бознигарӣ кардани андозаи маоши вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳо чораҷӯӣ кунанд.
Нуҳум. Бо мақсади баррасии доимии вазъи воқеии илму маориф, ҷараёни иҷро ва мониторинги барномаҳои соҳавӣ ва татбиқи навовариҳои илми ватанӣ дар амалия пешниҳод мегардад, ки дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илм, маориф ва инноватсия таъсис дода шавад.
Шӯро бояд дар як сол на кам аз ду маротиба даъват гардида, дар он масъалаҳои мубрами соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Даҳум. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисону коршиносон комиссияи босалоҳият таъсис дода, фаъолияти панҷ соли охири тамоми пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмиро санҷида, аз натиҷааш ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод намояд.
Дастгоҳи иҷроияи Президент, инчунин, комиссияи махсус таъсис дода, вазъи кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва шуъбаҳои институтҳои илмии соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро омӯхта, устодону кормандони онҳоро аз аттестатсия гузаронад ва аз натиҷааш ба Президенти кишвар гузориш диҳад.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи иҷроия, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ гурӯҳи муштарак таъсис дода, вазъи кабинетҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пажӯҳишгоҳҳои академияҳоро дар муддати чор моҳ омӯхта, ба Президенти мамлакат маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Ёздаҳум. Ҳукумати мамлакат барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар бо ин мукофот сарфароз гардонида шавад.
Дувоздаҳум. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» муаллимон ва омӯзгорони ҷавонеро, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд, инчунин, дастовардҳои илмиву педагогӣ доранд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирии ҳаматарафа ва ҳавасманд гардонанд.
Сездаҳум. Хонандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо стипендияи Президентӣ хатм мекунанд, ба ихтисосҳои табиӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супоридани имтиҳон дар Маркази миллии тестӣ қабул карда шаванд.
Чордаҳум. Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис диҳад ва дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намояд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созад.
Дар охир, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону кормандони соҳаи илму маориф, зиёиёни эҷодкор, адибон ва аҳли фарҳангу ҳунарро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрик гуфта, баро онҳо барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.
Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои идона, ошкорбаёнӣ, ҳусни тафоҳум, дастгирии олимони ҷавон, бонувони лаёқатманди соҳаи илм ба анҷом расид.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...