Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Санаи 19-уми марти соли 2020 дар Академияи ВКД, бо ибтикори Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ»-и кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни ҷаҳонӣ», бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академия ифтитоҳ намуда, бо ин иди фархунда ҳозиринро табрик намуданд. Дар кори мизи мудаввар меҳмонон, омӯзгорон ва курсантон, аз ҷумла Адолатов Иноят - аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васфи Наврӯзи байналмилалӣ, Муродов Ф. - курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи “Мақом ва манзалати Наврӯз дар тамаддуни форсу тоҷик», Мустақимов О. - курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», Гадозода М. – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни бостонӣ ва муосир», Холиқов Б. – курсанти курси 1–уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Рамзҳои Наврӯзӣ», Мусулмонов К. – курсанти курси 3–юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Пайдоиши иди “Наврӯз” аз нигоҳи муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ», фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ атрофи ҷашни байналмилалии Наврӯз маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар фосилаҳои кори мизи мудаввар, қироати шеър аз эҷодиёти курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Зардаков Довудшоҳ дар васфи Наврӯзи ҷаҳонӣ, қироати шеър аз эҷодиёти курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷононаи Зикрулло дар васфи Наврӯз, баҳор ва зебоӣ сурат гирифтанд.
Инчунин, курсантони аъзои Ҷамъияти илмии «Дӯстдорони илмҳои ҷомеашиносӣ» Улуқбекова С. ва Рақамова Р., бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳозиринро табрик намуда, дар доираи Наврӯзи ҷаҳонӣ ва баҳори Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. ва ходими илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва таъбу нашри Академия, лейтенанти калони милитсия Дудиева А. сухани ҷамъбастӣ намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Наврӯз мақоми ҷашни байналмилалиро бо ибтикор ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гаштааст. Ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил гардида, аз арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии тоҷикон дарак медиҳад
Самиъзода Б.С., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.Э.