Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

85

Баҳри иҷроиши банди 1 фасли 4-и нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва методии кафедраи фаъолияти оперативии ҷустуҷӯии факултети №4-уми Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019, инчунин тибқи Низомнома «Оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар факултети №4 ҷамъиятҳои илмии курсантон амал мекунад, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони кафедраҳо ба ӯҳда доранд.
Дар ин замина, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, сатҳи касбии курсантон, мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ба курсантони курси 4-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19-уми марти соли 2020, баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки корҳои илмӣ-тадқиқотии курсантон василаи муҳими баланд бардоштан ва тайёр намудани мутахассисон ба шумор меравад. Ин имконият медиҳад, ки мутахассисони дорои маълумоти олидошта, қобилияти бештар самаранок ва эҷодкоронаи худро дар фаъолияти амалӣ, комёбиҳои навтарини тараққиёти илму техника истифода баранд. Васеъ ҷалб намудани курсантон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои бартараф намудани мушкилоте, ки дар назди мақомоти корҳои дохилӣ истодааст, мусоидат менамояд.
Сараввал бо сухани ифттитоҳӣ муовини сардори факултаи №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафуров М.С. баромад намуда, ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан аз ҷониби муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Комилзода З.К., дар мавзӯи «Таъмини мизоми махфият дар фаъолияти корӣ бо ҳуҷҷатҳои махфӣ» баромад намуд.

86

Сипас, курсантони курси 4-ум сержанти хурди милитсия Маллаев А. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»» ва милитсияи қаторӣ Нуруллоев Б. дар мавзӯи «Танзими сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тавассути дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» шунида шуда, дар охир ба тариқи суолу ҷавоб ба мавзӯи «Ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суҳбатҳо гузаронида шуд, ки он хеле ҷолибу хотирмон буд.
Раҳимзода Ҷ.Қ., сардори кафедраи ФОҶ МКД, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...