Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмӣ-адабии «Наврӯз – ҷашни ҳамгироӣ»

82

Бо мақсади амалӣ намудани фасли 4, банди 8 нақшаи Фаъолияти илмӣ- тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар барои ҷамъиятҳои илмии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми марти соли 2020 бо ташаббуси ҷамъияти илмии «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни ҳамгироӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ, ҳайати омӯзгорони кафедраи номбурда Қодирзода Ғолиб, Фахридинзода Ҳамза, Абдуҷабборзода Мавҷуда, Қурбонова Ҷамила, роҳбари маҳфили илмӣ Ҷалолзода Сорбон ва курсантони курси 1-ум, гурӯҳҳои таълимии 104 ва 108, факултети №2 Академияи номбурда фаъолона иштирок намуданд. Бо мақсади арҷ гузоштан ба ҷашнвораҳову анъаноти милливу аҷдодиамон ва бешубҳа Наврӯз чун ҷашни хуҷастапай ва фархунда, ки солҳо боз миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, дар чорабинии номбурда хони Наврӯзӣ бо расму оинҳои пурнеъмати худ бо ҳафтсину ҳафтшин ва гулдузиҳои фарҳангиамон ороста шуда, ба рафти маҳфили илмӣ-адабӣ ҳусни дигар зам намуд.
Маҳфили илмӣ-адабӣ бо сухани ифтитоҳии ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич оғоз гардид. Номбурда аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Наврӯз ин таҷассуми эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт, умед ба зиндагӣ ва ҳосили фаровони сол ба ҳисоб рафта, ба маънои рӯзи нав ва баробар шудани шабу рӯз дар баҳор аст. Ин ҷашни дӯстдоштанӣ асрҳо боз на танҳо барои мо, балки барои дигар миллатҳо низ хушию шодобӣ ва шукуфоию зебоӣ оварда, оғози мавсими кишту кор ва эҳёи табиат дониста мешавад».
Сипас курсантони курси 1-ум, гурӯҳҳои таълимии 104 ва 108, факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматов Абдумалик дар мавзӯи «Маълумот оид ба пайдоиши ҷашни Наврӯз», Таваллоева Моҳрухсор дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ», Муминзода Амирҷон дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани Наврӯз», Тоиров Беҳрӯз ва Аминов Меҳроб бо забони русӣ дар мавзӯи «История возникновения праздника Наврӯз» бо маърӯзаҳо баромад намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз қадимтарин ва густурдатарин ҷашни мардумони тоҷику эронитабор ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст.
Ҳамзамон курсантони дигари гурӯҳҳои таълимии номбурда Шомирзоев Сайриддин, Сафаров Аҳлидин, Мусаябзода Эсомиддин ва Ҳалимов Амирҷон бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар васфи Наврӯз шеърҳо қироат намуда, аз бузургиву шаҳомати ин ҷашни кӯҳанбунёду аҷдодии мардуми бузургсолори тоҷик васфу ситоиш намуданд.
Дар ҳамбастагӣ бо баромадҳои маърӯзачиён ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дигарбора аз покиву манзалати ҷашни Наврӯз чун фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, аёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор ёдоварӣ намуд. Ҳамзамон ҷамъомадагони чорабинии мазкурро бо фарорасии ҷашни Наврӯз ва баҳори гулафшон муборакбодӣ намуда, аз баргузории чунин як маҳфили бошукуҳи илмиву адабӣ аз масъулини кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ изҳори сипос намуд.

83

Дар интиҳои маҳфили илмӣ-адабӣ роҳбари ҷамъияти илмии курсантони «Давлатшиносони ҷавон»-и кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ Ҷалолзода Сорбон аз иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорон ва курсантон қаноатмандӣ намуда, ҳозиринро бо омад-омади ин ҷашни файзбор муборакбодӣ намуда, таманниёти неки худро иброз намуд. Умедвор гардид, ки ин чорабинӣ ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён аз баргузории чунин як маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ қаноатманд гардида, таасуроти хуби илмиву маънавӣ бардошта, ибрози сипос намуданд. Бо ҳамин, кори маҳфили илмӣ-адабии академиявӣ дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни ҳамгироӣ» ба анҷом расид.
Ҷалолзода С.И., роҳбари маҳфили илмии «Давлатшиносони ҷавон» муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...