Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалии навбатӣ дар қисми ҳарбии 3501

78

Рӯзи 18-уми марти соли 2020 дар асоси нақша - чорабиниҳои асосии таълимӣ - тарбиявӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии курсантони курси 2-юми ҳайати фармондеҳӣ таҳти роҳбарии устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитстя Исмоилзода О.Н., капитани милитситя Ғоибназарзода П. ва лейтенанти милитсия Ҷабборов Т. ба қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалии навбатӣ доир ба мавзӯи «Пешгирӣ ва барҳам задани бетартибиҳои оммавӣ» аз фанни тактикаи қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварданд.
Ҳамзамон, дар оғози ин ҳамкории судманд командири қисми ҳарбии 3501, полковник Ҷабборзода М. дар майдони сафороӣ бо курсантон аз наздик шинос шуда, ҳамсӯҳбат шуд. Дар аввал, номбурда ба курсантон таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки бояд пайваста боло равад ва талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад, баён намуд.

79

Баъд аз ин шахсан, полковник Ҷабборзода М. бо як маҳорату истеъдоди баланди касбии хеш бо курсантон дар ҳамбастагии хизматчиёни қисми ҳарбии вобасташуда дар майдони машқгоҳ машғулияти амалӣ гузаронид. Дар раванди машғулияти амалӣ курсантонро аз наздик бо мазмуни мухтасар мавзӯи таълимӣ, намудҳои воситаҳои ҳимояи ҳайати шахсӣ ва воситаҳои махсус, аз ҷумлаи дастаи резинӣ, дастбанд, газҳои ашковар, мошинҳои зиреҳпӯш ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи онҳо шинос намуд.
Баъдан ба курсантон аз тарафи хизматчиёни ҳарбии машқҳои таълимӣ роҷеъ ба тарз ва намудҳои пароканда ва боздошт намудани шаҳрвандон зимни содир кардани бетартибиҳои оммавӣ намоиш дода шуд.
Дар ин раванди машғулияти пурмазмун курсантон роҷеъ ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба ин мавзӯъҳои таълимӣ ҷавобҳои пурра ва мушаххас гирифтанд.
Инчунин қайд намудан лозим аст, ки дар дарси амалӣ курсантон, қаториҳо Ҳакимов Ҷ., Маҳмадшоев Ҷ., Фаёзов А., Тағоев Ф. ва Давронов Л. хеле фаъолона иштирок намуданд.
Собиров И.Ғ., сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...