Аз таърихи пайдоиши «Наврӯз»
Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазорсол тӯл мекашад.
Дар ин муддати дарози таърихӣ ин иди бузурги аҷдодиамон дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус тоҷикон борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рубарӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубаддал гардид.
Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим дар байни мардуми Машриқзамин таҷлил карда мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.
Арӯси фасл кӯҳҳоро бо қолинҳои махмалии сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсонӣ баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаву рӯдҳои софу мусаффо бо беқарорию ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешаванд.
Дар хусуси Наврӯзу табиати зебои ин мавсим олимону шоирон Шамсуддини Димашқӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон асарҳои зиёде офаридаанд.
«Нухбат-уд-даҳр фи аҷоибил-барр вал-баҳр» («Чакидаҳои замон аз мӯъҷизоти бару баҳр»)-и Шамсуддини Димашқӣ (1258-1327) аз зумраи асарҳоест, ки дар жанри «мӯҷизот» таълиф гаштааст. Яке аз фаслҳои ин китоб ба расму оин, ҷашну маросим ва дину диёнати мардуми эронинажод оид аст. Бамаврид аст, ки дар арафаи ҷашн васфи Наврӯзро аз дидаи ин муаллифи асримиёнагӣ ёдовар шавем.
Аз рӯйи маълумоти Шамсуддини Димашқӣ мардуми эронинажод иду анъанаҳои зиёдеро ҷашн мегирифтанд, ки маъруфтарини онҳо Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Баҳманҷа ва иди Нишасти кӯса будааст.
Наврӯз, қайд мекунад Димашқӣ, маънои «рӯзи нав»-ро дошта, овардаанд, ки Худованд дар ин рӯз нур, яъне Офтобро офаридааст ва афлокро ба гардиш даровардааст.
Наврӯз бо умедҳо ва орзӯю ормонҳои нек ҳамроҳ буда инсонро ба ояндаи фараҳбахш дилбаста месозад, завқи ӯро нисбат ба зиндагиву кор ва эҷод афзун мегардонад.
Бо ин умед кормандони факултети № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи дилафрӯз омодагии ҷиддӣ дида, сараввал атрофу акнофро тозаву озода намуда, ниҳолҳои мевадору сояафкан шинонданд. На танҳо саҳну боғот, балки утоқу долонҳо низ бо овезаву деворнигориҳои тоза ороиш ёфта, бо гулҳои хонагии тароватбахш муждаи омадани баҳорро расонидаанд.
«Ҳадаф аз таҷлили Наврӯз аз бар кардани нерӯи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст»
Воқеан, фармудаанд, ки агар ҳар кас Наврӯзро бо шодию сурур ва бо покию сафову озадагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол намояд, соли нав барояш соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд.
Муминзода Ш., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, сержанти милитсия.