Истиқболи Наврӯз ва чорабиниҳои варзишӣ дар Академияи ВКД
Роҳбарияти Академияи ВКД ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Вобаста ба ин Иди саиди миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ варзишӣ дар Академияи ВКД оғоз ёфтанд. Нахуст аз ҷониби кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 дар мувофиқа бо роҳбарияти Академия спартакиадаи миллӣ бо даъвати сарбозону афсарони Дивизияи 201 Вазорати мудофиаи Россия бо қароргоҳ дар шаҳри Душанбе аз рӯи намудҳои шашкаю шоҳмот, футбол, волейбол, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон гузаронида шуд.
Дастаи варзишгарони Академияро сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия Латипов Муҳиб муаррифӣ намуд. Чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, мухлисони зиёдро ҷамъ оварданд. Ба ғайр аз бозии футбол дастаи яккачини Академия аз намудҳои варзишии волейбол, шашкаю шоҳмот ва ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон ғолибият ба даст овард.
Расми ҷамъбастии спартакиадаи миллӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Академия баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи велосипедронҳо баргузор гардид, ки дар он дастаи варзишии Академия иштирок намуда, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н. Убайдуллоев Ш.