Ҳашари дастаҷамона
Тозаву озода намудани гирду атрофи хонаву корхона яке аз амалҳои наҷиби инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бо омад-омади баҳори хуҷастапай табиат аз нав зинда шуда кишту кори баҳорӣ оғоз мегардад.
Бо супориши роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15-уми марти соли 2020 як гурӯҳ курсантон бо роҳбарии сардори кафедраи фанҳои махсус подполковники милитсия Назарзода Наврӯз Ганҷа бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф ва шинонидани гулҳои баҳорӣ дар ҳудуди муассиса ҷалб гардиданд. Онҳо ҳамчунин гирди дарахтонро нарм намуда гулҳои ороишӣ шинониданд.
Сардори курси воҳиди таълими низмомии МДТ Коллеҷи милитсия, капитани милитсия Фаридуни Тоҳирҷон, Каримов Муҳаммад.