Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ

55

Баҳри фаъолияти назаррас ва рушди ҳамкории нозирони минтақавии милитсия, ки яке аз бахшҳои асосӣ ва умдаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад, санаи 13-уми марти соли 2020 аз ҷониби устодони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввари факултативӣ дар мавзӯи «Нақши нозири минтақавии милитсия дар фаъолияти маъмурӣ» дар толори факултети №4 баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. ҳусни оғоз бахшида, меҳмононе, ки аз РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва кормандони ШВКД ҶТ дар ш. Хуҷанд, дар миззи мудаввар иштирок доштанд, ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Сардори ШҲТҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ш.Хуҷанд майори милитсия Сафаров Абдурауф дар мавзӯи «Фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» баромад намуд, сипас, сухани навбатиро ба сардори ХПҲБНҶ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, майори милитсия Ҳоҷизода В.А. дод ва мавсуф оид ба «Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия» баромад намуданд.
Сардори ШҲТҶ ШВКД ҶТ ш.Хуҷанд майори милитсия Сафаров Абдурауф, аз фаъолияти нозири минтақавии милитсия, бахусус дар мавзӯи «Фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ» мисолҳо оварда, инчунин аз нуқтаҳои нозуки ин ниҳоди соҳавӣ ба саҳми курсантон ёдрас намуд. Доир ба ин мавзӯъ ҳайати устодон ва курсантони дар толор нишаста ба меҳмонон саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби меҳмонон посухҳои мушаххаси хешро гирифтанд.

56

Инчунин муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, майори милитсия Абдусатторзода Н.А. дар мавзӯи «Корҳои профилактикии нозири минтақавии милитсия дар минтақаи маъмурӣ» баромад намуд ва курсанти курси чорум, милитсияи қаторӣ Маллаев А. дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ аз тарафи нозири минтақавии милитсия дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ» маърӯза кард.

Дар охир, муовини сардори факултети № 4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. мизи мудавварро пӯшида эълон намуд.
Абдусатторзода Н.А., муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, майори милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...