Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

54

Бо мақсади бунёди ин бинои боҳашамат дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 30-юми августи соли 2017 бинои зебою боҳашамате сохта ва ба истифода дода шуд, ки ин бино яке аз биноҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз сохтани ин бино барои боз ҳам хубтару нағзтар гардонидани сатҳи донишу малакаи курсантон ва кормандони ояндаи Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як бинои ҳашт ошёна ва се бинои ду ошёна иборат аст. Синфхонаҳои ҳар як бино бо тамоми техникаву техналогияҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин Академия дорои толори лексионӣ, хобгоҳ, китобхонаи калону боҳашамат аст. Ва барои ин ҳамчун як курсанти бо ору номуси ин Ватан ифтихор аз он менамоям, ки дар чунин муассисаи олии низомӣ таълим гирифта истодаам. Ин ҳама саъю кушишҳои Пешвои муаззами миллат баҳри дар руҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ, созандагию башардӯстӣ тарбият кардани ин донишомӯзон мебошад. Чунон, ки мо дар боло қайд кардем санаи 30-юми августи соли 2017 Пешвои муаззами миллат ба ин даргоҳи илму маърифат ташриф оварданд ва санги асоси ин даргоҳ соли 2014 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.
Санаи 22-юми ноябри соли 2019 бо ташрифи Пешвои муаззами миллат бинои панҷошёнаи зебое кушода ва ба истифода дода шуд, ки ин бино барои курсантони факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун даргоҳи илмомӯзӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ғамхориҳои сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳангоме Пешвои муаззами миллат ба дохили бино ташриф оварданд аз сатҳу шароитҳои илмоӯзии ин бино дидан намуданд ва баҳои баланде баҳри бунёди ин даргоҳи илмомӯзӣ гузоштанд.
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони сафороии бузург ва зебое ҷойгир аст, ки ҳамарӯза ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки сардори Академия Шарифзода Ф.Р ва муовинони он бо муваффақият гузаронида мешавад.
Бо дастгириҳои сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ толори варзишии мо курсантон бо тамоми сатҳу шароитҳои замонавӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки мо курсантон дар муддати муайян бе ягон мамоният ба он ҷо рафта ба варзиш машғул шавем.
Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2019-2020 зиёда 300-нафар курсантон дар курси 1-ум таҳсил мекунанд. Бояд кайд намуд, ки курсантони курси 1-ум бо сару либоси гарм, хӯрокҳои гарми доимӣ, ҷойи хоб аз тарафи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ таъмин карда мешавад.
Бо ин ҳама ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз кормандони ҳушёр, зирак ва бофаҳму болаёқат бошанд ва мо курсантон ва кормандони ояндаи мақомот бо боварии комил гуфта метавонем, ки пас аз хатми ин муассисаи олӣ сарбаландона ба Пешвои миллат ва халқу Ватан содиқона хизмат мекунем.
Негматов Абдумалик Музафарович, курсанти курси якуми факултети №2 Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...