Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии аъзоёни «Сипари Ватан» бо роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

51

Рӯзи 12-уми марти соли 2020 вохӯрии навбатии аъзоёни фаъоли ҷавонони «Сипари Ватан»-и МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ аъзои фаъоли ҷавонони «Сипари Ватан»-и МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатории милитсия Каримов Муҳаммад ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳадаф ва мавқеи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Дар баромади ҳуд қайд намуд, ки воқеан ҳам имрӯз нақш ва мавқеи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар рушду нумӯи кишвар бараъло ба чашм расида, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёдеро ба субут расонидааст.
Ҳамчунин дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён қайд намуд, ки Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Ҳизби таърихӣ мебошад. Он 10 декабри соли 1994 дар анҷумани муассисони ҳизб ташкил гардид ва санаи 15 декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №199 номнавис шудааст.

5253

18 апрели соли 1998 анҷумани 4-уми Ҳизби мазкур баргузор гардид ва аъзоёни ҳизб бо ҷонибдорӣ роҳбарии ин ҳизбро ба уҳдаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд, ки то ин ҷониб роҳбарии онро ба уҳда дорад.

Фаридуни Тоҳирҷон, сардори курси воҳиди таълими низоми Коллеҷи милитсияи ВКД, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...