Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунем
Ватан-Модар, дунёи бекарони зебоӣ, муқаддасот, наёбандаву нотакрор аст. Ҳар нафари соҳибмаърифат Ватанро аз самими дил бо тамоми ҳастӣ чун гавҳараки чашм нозукона нигоҳ медорад. Модар моро ба дунё меорад. Ватан бошад, тарбия менамояду ба воя мерасонад ва ба қуллаҳои мурод мерасонад.
Воқеан ҳам хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби шуҷоат ва мардонагӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ин ҷо сарбозон мустақил, соҳибақл, ботамкин, шуҷоъ ва ҷасур тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат мекунанд.
Рӯзи 11-уми марти соли 2020 як гурӯҳ ҷавони «Сипари Ватан»-и Муассисаи давлатии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва пос доштани муқаддасот аксияи таблиғотӣ таҳти унвони «Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунем»-ро баргузор намуданд.
Фаридуни Тоҳирҷон, сардори курси воҳиди таълими низомӣ Коллеҷи милитсия капитани милитсия