Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди шунавандагони факултети №3 аз Осорхонаи ВКД

46

Дар партави амалигардонии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳони маърифат, малака ва сатҳи суханронӣ, баландбардории маҳорати касбӣ, мутолиаи асарҳои илмиву бадеӣ, ҳамчунин дар ин замина беҳтар шинос гардидани кормандон ба таъриху тамаддун, фарҳангу маданият, мероси ғании адабиёти классик ва муосири тоҷик, пайваста дар ВКД чорабиниҳои мақсаднок роҳандозӣ мегардад.
Дар ин замина, бо дастури сардори Академияи ВКД шунавандагони факултети №3-и ин боргоҳи илму маърифат, ки кормандони амалияи мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд ва аз ҳар гӯшаву канори мамлакат ба пойтахт омадаанд, ба таври дастаҷамъона ба Осорхонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз таърихи милитсияи тоҷик шинос гардиданд.

47

Дар ҷараёни тамошои Осорхона шунавандагонро сардори факултети №3, н.и.ҳ. майори милитсия Амрудинзода Муҳридин Амрудин ҳамроҳӣ намуд.
Дар баробари ворид гардидан ба Осорхонаи ВКД шунавандагонро ҳайати кормандони Осорхона пешвоз гирифта, то анҷоми тамошо роҳбаладӣ намуда, таърихи пайдоиши Осорхона, ҷамъоварии маводҳои таърихӣ ва созмондиҳии ҳар як гӯшаро тавсиф намуданд. Тавре шоҳид гаштем, бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Осорхонаи мазкур таъмир карда шуда, ба он лавҳаю гӯшаҳои нав аз ҳаёту фаъолияти родмардони милитсия, аввалин дастаҳои ихтиёрии милитсия, чорабиниҳои расмӣ ва ҳарбии ин мақомоти бонуфуз пурра гардонида шудааст.
Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...