Тайёрии оташфишонӣ дар курсҳои тайёрии ибтидоӣ
Рӯзи 11-уми марти соли 2020 дар заминаи чорабиниҳои асосии таълимӣ-тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ шунавандагони курси 3-моҳаи тайёрии ибтидоӣ таҳти роҳбарии сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Собиров И.Ғ. ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тайёрии оташфишонӣ» ташриф оварданд.
Дар оғози ин ҳамкорӣ командири қисми ҳарбии 3501 полковник Ҷабборов М. дар майдони сафороӣ бо шунавандагон, ки аз ҳисоби кормандони хадамоти пайраҳадорӣ-посбонии милитсия ва шуъбаи давлатии «Муҳофиза»-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошанд, ҳамсӯҳбат шуданд.
Зимни ин сӯҳбат шунавандагон роҷеъ ба фаъолияти ҳаррӯзаи ҳарбӣ-хизматӣ, тартибу низоми қисми ҳарбӣ ва бо тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбии ин қисми низомӣ шинос шуданд. Ҳамзамон, дар ин раванд ҳамкории ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 3501 бо кормандони милитсияи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри нигоҳ доштани тартиботи ҷаъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содир шуда, маълумотҳои мушаххас доданд.
Баъд аз ин афсарони бомаҳорату пуртаҷриба подполковник Одинамадзода Х. ва майор Ашуров Ғ. бо шунавандагон дар синфхонаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ машғулиятҳои амалии худро гузарониданд. Дар раванди машғулияти амалӣ шунавандагон аз наздик доир ба мавзӯъҳои таълимӣ бо мазмуни мухтасар, таъинот, қисмҳои асосӣ ва маълумоти техникӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ бо силоҳҳои ҷангии Калашников, пулемёти Калашников ва норинҷакандози зидди танкӣ аз наздик шинос шуданд.
Гузаронидани ин машғулияти амалӣ бо ҳамкории дучониба барпо гардида, ба шунавандагон, кормандони хадамоти пайраҳадорӣ-посбонии милитсия ва шуъбаи давлатии «Муҳофиза»-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хотирмон гашт, зеро онҳо боз ҳам аз наздик бо силоҳҳои ҷангӣ ба монанди намудҳои пулемёти Калашников, милтиқи мерганӣ ва норинҷакандози зидди танкӣ шинос шуда ба саволҳои пешниҳод намудаи хеш оид ба омӯхтан ва истифодаи силоҳи оташфишон ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.
Ҷабборов Т.М., муаллими кафедраи ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия