Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалия – меъёри ҳақиқат

349

Бо дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳизода Р.Ҳ. оид ба баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантони №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони пуртаҷрибаи амалияи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди тадриси дарсҳо ба роҳ монда шудааст.

Санаи 11-уми марти соли равон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маҳорати малакаи касбӣ ва дониши курсантон дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо роҳбарии устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, подполковники милитсия Исмоилзода О., майори милитсия Ғоибназарзода П.Қ. ва лейтенантони милитсия Ҷабборов Т. ва Аҳруллозода Б., курсантони курси 2-юми гурӯҳи «ҳайати фармондеҳӣ»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тактикаи қӯшунҳои дохилӣ» ташриф оварданд.

Дар оғози машғулияти амалӣ, дар майдони сафороӣ, командири қисми қисми ҳарбии 3501 полковник Ҷабборов М.Т. бо устодон ва курсантон ҳамсӯҳбат шуданд. Зимни ин сӯҳбат, роҷеъ ба фаъолияти ҳамарӯзаи ҳарбӣ-хизматӣ, тартибу низоми қисми ҳарбӣ ва ҳиссагузории ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри ободонии қаламрави ин қисми ҳарбӣ маълумотҳои мушаххас дод. Дар ин раванд, бомаврид таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон мактаби обутоби ҳаёт мебошад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ба ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш – қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

350

Баъд аз ин таҳти роҳбарии афсарони бомаҳорату пуртаҷрибаи қисми ҳарбӣ ва устодони факултет курсантон дар аввал дар синфхонаҳои таълимӣ ва минбаъда дар майдончаи сафороии қисми ҳарбӣ ба талабот ҷавобгуй машғулиятҳои амалии хешро гузарониданд. Дар раванди ин машғулияти амалӣ курсантон аз истифодаи намудҳои гуногуни воситаҳои махсус, силоҳҳои ҷангии ҳозиразамон ва тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар вақти пешгирӣ ва барҳам задании бетартибиҳои оммавӣ ва озод намудани гаравгонон аз ҷониби ашхосони силоҳбадаст шинос шуданд. Дар раванди машғулият курсантон роҷеъ ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба ин мавзӯъҳои таълимӣ ҷавобҳои пурра ва мушаххас гирифтанд.

Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба курсантони гурӯҳи «ҳуқуқшиносон», ки бори аввал мебошад хотирмон гашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ аз ҷавобҳои гирифтаашон аз тарафи командири қисми ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбии ин қисм, хеле қаноатмад гардиданд.
Собиров И.Ғ., сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...