Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ
Ватан-Модар ин ду калимаи муқаддас ва пайванд. Мо бе ин ҳарду зиндагӣ карда наметавонем, зеро моро яке тавлид менамояд ва дигаре ба оғӯш гирифта ба воя мерасонад.
Ҳифз ва эмин нигоҳ доштани Ватан-Модар вазифаи ҳар як фарзанди содиқи ин меҳани биҳиштосо мебошад.
Санаи 3 сентябри соли 2019, таҳти №1353 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид. Ин Фармони Пешвои миллат моро водор месозад, мо ҷавонон худ бо хоҳиши худ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати ҳарбиро содиқона ва софдилона иҷро намоем, зеро ҳеҷ гоҳ шаҳрванди дигар давлат омада, Ватани азизи моро ҳифз нахоҳад кард.
Имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ назар ба солҳои пешин хело беҳтар шуда, дар мадди назари махсуси Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос, се вақт хӯроки гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд, онҳо аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд.
Хизматчиёне, ки хизматро содиқона ба ҷо меоранд ба рухсатии кӯтоҳмуддат рухсат дода мешаванд, ки ин амалҳо дар солҳои Шӯравӣ тамоман ба чашм намерасид.
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем.
Тибқи муқаррароти моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарбаландист. Меҳри Ватан дар қалби ҷавонон аз оила маншаъ гирифта, бояд дар мактаб мустаҳкам гардад. Ва ҷавонон бояд баъди хатми мактаб хизмати Ватан-Модарро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобанд.
Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба гузаронида мешавад. Ба хизмати ҳарбӣ танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27-сола расидааст, даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ ва барои ҷавонони маълумоти олидор 12 моҳро дар бар мегирад.
Дил бар раҳи Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад,
Ҷон дар раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад.
Курсантони курси 3-юми Коллеҷи милитсия
Каримов Муҳаммад,Ҷамшеди Ҷаҳонгирзод.