Таҷлили «Рӯзи Модар» дар Коллеҷи милитсия
Санаи 6-уми марти соли 2020 бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки «Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамол расонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳангӣ миллӣ мебошад».
Дар идомаи чорабинӣ муаллим-методисти калони шуъбаи таълими Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони милитсия Ҳалимова Нилуфар бо маърӯза дар мавзӯи «Зан-модар олиҳаи ҳастӣ ва офарандаи ҳаёт» баромад намуда, қайд намуд, ки «Дар ҳақиқат зан ҷаҳонро месозад, зебу зиннат мебахшад. Чӣ шаҳру чӣ деҳаву чӣ кӯҳсор ҳама бо ту зебанда аст,эй зан».
Ҳамчунин дар дар ин чорабинӣ муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо лейтенанти милитсия Исозода Баҳодур дар васфи ин олиҳаи ҳастӣ суханронӣ намуд.
Аз ҷониби курсантони Муассиса дар ситоиши модар шеъру суруд сароида шуда, таъби иштиркчиён болида гардид.
Дар охир аз ҷониби сардорони курсҳои воҳиди таълимӣ низомии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи курсантдухтарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
Сардори курси воҳиди низомӣ Коллеҷи милитсия каитани милитсия Фариддуни Тоҳирҷон, Каримов М.