Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…
Таърих гувоҳ аст, ки агар дар ҷомеа хизмати содиқона намоем номамон бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, ҳатто баъд аз 1000-солаҳо номамон ба некӣ ёд мешавад. Дар ин росто вазифаи мо танҳо хизмати содиқона ба Ватан-Модар аст.
Қаҳрамони мо бошад собиқадори 68-сола, полковники мустаъфӣ Шарипов Раҳмоналӣ мебошад, ки 27-соли пурбарори худро баҳри таъмини тартиботи ҷаъмиятӣ ва пешгириву ошкорсозии ҷиноятҳо сипарӣ кардааст. Маҳз ин заҳмату талошҳо буд, ки ӯро имрӯз ҳамчун як шахси нексиришт ва саховаткор мешиносанд ва қадр мекунанд.
Шарипов Раҳмоналӣ 8 декабри соли 1951 дар деҳаи Ҳамвораки ноҳияи Фархор дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо амри тақдир соли 1958 оилаи онҳо ба ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) кӯч мебанданд ва ӯ мактаби миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаашон ба итмом мерасонад.
Пас аз хатм ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи тиббии ш.Душанбе месупорад, баъди хатм бошад ба зодгоҳаш баргашта ба ҳайси табиб муддате кор мекунад. Аз сабабе, ки меҳри Ватан дар дилаш аз оила сарчашма гирифта буд, ӯро ба хизмати Ватан-Модар мебарад, хизмати Ватан Модарро дар баталиёни таъиноти махсус сипарӣ кардааст. Баъди хизмати ҳарбӣ ӯ худро пурра ба хизмати Модар-Ватан медиҳад ва корро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз менамояд ва аз рутбаи қаторӣ то полковники милитсия мерасад. Дар ин муддат дар вазифаҳои гуногун, аз қабили нозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, нозири қисми минтақавӣ, сардори Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сардори ШКҶ Шуъбачаи деҳоти Себистони ШВКД дар н.Данғара, сардори Хадамоти давлати оташнишонӣ, муовини сардори ШВКД ва сардори курси воҳиди таълими низоми Академияи ВКД кор кардааст.
Полковники милитсия Шарипов Раҳмоналӣ вазифаҳои роҳбарият фармударо саривақт ва босифат иҷро менамуд. Дар баробари ин қадар душвориҳо ӯ тавонист, ки фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда ба камол расонад. Аз 4 писар имрӯз 3 нафараш роҳи падарро интихоб намудаанд ва бо ин касб ифтихор доранд. Фарзанди калониаш генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мебошад, ки ҳоло сардори Академияи Вазорати корҳои дохидиро ба уҳда дорад, писари дуюмин бошад, лейтенанти калони милитсия Шарифзода Бахтиёр Раҳмоналӣ дар вазифаи ваколатдори оперативии Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар ш.Душанбе кору фаъолият дорад. Фарзанди охирон бошад, лейтенанти калони хизмати дохилӣ Раҳмонализода Дилшод Раҳмоналӣ сардори басти Хадамоти оташнишонии н.Ҳамадонӣ мебошад.
Хизматҳои щоёни мавсуфро ба инобат гирифта, ӯро бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипоснома ва маблағҳои пуливу молӣ қадр кардаанд. Аз он ҷумла, бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», «Аълочии Кӯшунҳои сарҳадот», нишони сарисинагии «20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД», медали ҷашнии «25-солагии Академияи ВКД» қадрдонӣ гардидааст.
Шарипов Раҳмоналӣ пас аз нафақа баромаданаш дил аз мақомоти корҳои дохилӣ намеканад ва ҳоло бошад, дар вазифаи раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсияи ҷамоати Панҷоби назди ШВКД дар н.Ҳамадонӣ мебошад.
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Тоҷиддини Б., курсанти курси 1-уми Академияи ВКД, Каримов М., курсанти Коллеҷи милитсия.