Ҳамеша бо Ватан будам: Мирзо Турсунзода - фарзанди қарни ХХ
Рӯзи 4 марти соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД мизи мудаввар дар мавзӯи «Диле, ки ба халқ дода шуд (таҳлили эҷодиёти Мирзо Турсунзода» (Сердце, отданное народу (анализ творчества Мирзо Турсунзаде) аз тарафи кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД ташкил ва гузаронида шуд.
Дар кори мизи мудаввар муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Саидзода З.А., омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар мизи мудаввар дотсенти кафедраи забонҳо, полковники милитсия Рауфзода К.Р. дар мавзӯи «Образ женщины в творчестве Мирзо Турсунзаде», муовини сардори адъюнктура, подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Т. дар мавзӯи «Литературная деятельность Мирзо Турсунзаде», омӯзгори калони кафедраи забонҳо, полковники милитсия Максудзода Р.М. дар мавзӯи «Взаимодействие поэзии прошлого с современной лирикой в творчестве М.Турсунзаде», курсанти курси 1-ум, милитсияи қаторӣ Сафаров Фирдавс дар мавзӯи «Жизнь и творчество Мирзо Турсунзаде» баромад намуданд.
Инчунин, курсантони курси 1-ум шеърҳоро аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода қироат карданд.
Мақсудзода Р.М., полковники милитсия