Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БИҲИШТ, ЭЙ ҲАМДИЛОН, ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН БОШАД!

36

Рӯзи 6-уми март дар Академияи ВКД бо мақсади гиромидошти Рӯзи модар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гашт.
Дар оғози ин чорабини сардори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ. иштирокчиёнро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар ёдовар гашта иштирокчиёнро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дароз ва дар кору фаъолияти пурмашаққат, ва пурифтихорашон муваффақиятҳо таманно намуд. Сипас қироати фармонҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофот ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба фаъолони Академия сурат гирифтанд.
Занон сазовори иди бениҳоят бузургу зебои баҳорӣ ва эҳтирому қадршиносии хос мебошанд. 8 март дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии озодии занон ва дар Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад.

373839

Сипас дастаи ҳунарии корманд-ҳаваскорони Академия ва ситораҳои эстрадаи тоҷик бо барномаи фарҳангию фароғатӣ табъи ҳозиринро шод намуда, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.

Сафарзода С. Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...