МУСОБИҚАИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР» ДАР АКАДЕМИЯ
Дар санаи 06 марти соли 2020 дар толори тирпарронию лазерии Академияи ВКД бахшида ба «Рӯзи Модар» дар байни курсант-духтарони факултети №№2,5 ва 6- и Академияи ВКД мусобиқаи «Ба қисмҳо нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани Тапончаи Макаров» ва «Тирпарронӣ аз силоҳи лазерии автомати Калашников» гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи номбурда курсантони Академия аз худ маҳорати баланд нишон доданд.Аз намуди намуди «Ба қисмҳо нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани тапончаи Макаров». Ҷойи якум насиби милитсияи қаторӣ Имомназарова Певиста Насратиллоевна, курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 203 гардид, бо натиҷаи 13,4 сония . Ҷойи дуюм насиби милитсияи қаторӣ Латифзода Собирамоҳ Мурод, курсанти курси якум факултети №2, гурӯҳи 106 гардид, бо натиҷаи 13,54 сония. Ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Рақамова Роҳила Рустамовна, курсанти курси якуми факултети №5, гурӯҳи 111 гардид, бо натиҷаи 14,38 сония.
Аз намуди намуди «Тирпарронӣ аз силоҳи лазерии автомати Калашников бо 5 тир дар масофаи 20 метр». Ҷойи якум насиби милитсияи қаторӣ Расуллова Таманно Ахтамжонова, курсанти курси дуюми факултети №6, гурӯҳи 214 гардид, бо натиҷаи 49 хол. Ҷойи дуюм насиби милитсияи қаторӣ Мирзоумарова Насиба Зубайдуллоевна курсанти курси дуюми факултети №2, гурӯҳи 207 гардид, бо натиҷаи 48 хол. Ҷойи сеюм насиби милитсияи қаторӣ Таманнои Ҷамшед, курсанти курси якуми факултети №5, гурӯҳи 211 гардид, бо натиҷаи 47 хол.
Fолибон аз ҷониби Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Муаллими калони кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ майори милитсия