Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАМКОРИИ КАФЕДРАИ ОМОДАГИИ КАСБӢ ВА ҶИСМОНИИ ФАКУЛТЕТИ № 4 БО ҚИСМИ ҲАРБИИ 3501

32

Алоқамандии назария бо амалия яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони баландихтисоси мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯзҳо ташкили раванди таълим, барои тайёр намудани мутахасисони соҳаҳои ҳарбӣ ва низомӣ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Донишҳои назариявӣ якҷоя бо фаъолияти амалии ҳаррӯзаи кормандони МКД ва хизматчиёни ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ баҳри такмил додани савияи дониши назариявӣ ва амалии курсантон саҳми арзанда мегузорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 27- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд, ки дар шароити имрӯза тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки донишу таҷриба ва малакаву махорати худро ба ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолияту озодии Тҷикистони маҳбубамон ва хизмати содиқона ба манфиати халқу ватан сафарбар созанд.
Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Вобаста ба ин гуфтаҳо санаи 04.03.2020 баҳри иҷроиши нақшаи машғулиятҳои таълимӣ курсантони гурӯҳи қӯшунҳои дохилиро бо роҳбарии муаллимони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, инчунин муаллимони кафедраи фанҳои ҳарбӣ- хизматӣ ба қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ сафарбар карда шуд. Дар машғулияти амалӣ командири ротаи баталёни 3-юми қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калон Салимзода Меъроҷ доир ба мавзӯи машғулияти амалӣ -таъинот, қисмҳои асосӣ ва хусусиятҳои техникии милтиқи мергании Драгунов, -тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, -тарзҳои оташкушоӣ аз милтиқи мергании Драгунов ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи ин намуди силоҳ ба курсантон фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон дар ин машғулияти амалӣ курсантон аз наздик бо тарзу кори ҳар як қисму механизимхои милтиқи мергании Драгунов, тартиби нигоҳдории он дар ҷойҳои муайяншуда, шинос шуданд ва онҳо амалан силоҳро ба қисмҳои нопурра ҷудо ва пайваст намуда маҳорати худро сайқал доданд.

Дар раванди машғулияти амалӣ байни курсантон ва мутахассисони ин соҳа саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он курсантон, милитсияҳои қаторӣ Ҳабибов М., Саидов И., Сабзаев М., Илҳомҷонзода А., ва Раҳматшоев Б,. фаъолона иштирок намуданд.

33

Ташкил ва гузаронидани ин машғулият барои курсантон хеле хотирмон гузашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳод намудаи худ оид ба мавзӯи пешбинишуда ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамаи онҳо аз иштрок ба ин машғулияти амалӣ хеле қаноатмад гардиданд. Омӯхтани ҳамаи намуди силоҳҳо ба курсантон имконият медиҳад, ки дар оянда дар замони осоишта ва ҷанг аз вазифаҳои ба зиммаашон гузошта шударо ба пуррагӣ иҷро намоянд. Зеро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ донистан ва омӯхтани намудҳои силоҳ ва ҳолатҳои истифодаи силоҳҳои оташфишони шарт ва зарур мебошад.

Муаллими калони кафедраи
омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ,
капитани милитсия Сайфиддинзода С.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...